ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

БИШКЕК МЕГӮЯД, КИ ТОҶИКИСТОН АЗ ТУРКИЯ ҲАВОПАЙМОҲОИ “БАЙРАҚДОР” ХАРИДААСТ

Жээнбек Кулубаев,  иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, рӯзи 27 апрел ҳангоми баррасии номзадиаш дар Жогорку Кенеш, парлумони ин кишвар, дар посух ба суоли яке аз вакилон тасдиқ кард, ки бино ба иттилои дарёфтии онҳо, Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Байрақдор” харидааст. Кулубаев гуфт, Туркия ба дархости Бишкек дар мавриди то замони ҳалли ҳамаи масоили мавҷуда ба Тоҷикистон надодани техникаи ҳарбӣ, посухи рад дода, гуфтааст, ин тиҷорат аст. Кулубаев гуфт, онҳо ҳоло муайян карда истодаанд, ки Тоҷикистон ба чӣ қадар маблағ ва чанд “Байрақдор” харидааст? Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабари аз Туркия харидани ҳавопаймоҳои бесарнишинро шарҳ надодаанд.

Жеенбек Кулубаев, ки қаблан мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон буд, рӯзи 22 апрел ба ҷои Руслан Қазоқбоев и.в. вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуд.

Рӯзи 27 апрел ҳангоми баррасии номзадии ӯ ба мақоми раҳбари идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон дар парлумони ин кишвар бештари суолҳо пиромуни муносибатҳо бо Тоҷикистон буд. Қарори маълум, Тоҷикистону Қирғизистон чанд сол боз як давраи пуртаниши наздик ба ҷанги сардро дар муносибатҳои худ пушти сар карда истодаанд.

Вакили Жогорку Кенеш Султонбой Ойҷигитов аз Кулубаев пурсид, ки оё то куҷо дар ҷараёни танишҳо бо Тоҷикистон ҳаст?

“11 шаҳрванди моро гӯё барои убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ дастгир кардаанд. Хоҳиш мекунам, ҳалли ин масъаларо зери назорати шахсиатон бигиред “, – хоҳиш кард ин вакил.

Вакили дигар Мирлан Самихоҷа аз Кулубаев пурсид, ки оё дуруст аст, ки Туркия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” додааст?

Кулубаев дар посух гуфт: “Мо ҳам чуни маълумот гирифтем ва ба сафир ва дигар ниҳодҳо супориш додем, ки онро бисанҷанд. Вале мо қаблан аз Туркия хоста будем, ки ба ин кишвари ҳамсоя ба далели масоили ҳалношуда техникаи ҳарбӣ надиҳанд. Аммо онҳо посух доданд, ки ин тиҷорат аст”.

“Пас ин дуруст аст ё шумо иттилои аниқ надоред?” – гашта пурсид вакил.

Феълан дуруст аст. Вале мо муайян карда истодаем, ки ба чӣ қадар маблағ ва чанд “Байрақдор” харидаанд?”, – посух дод Кулубаев.

Қаблан Қирғизистон хабар дода буд, ки аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Байрақдор” харидааст. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки ин ҳавопаймоҳои бесарнишини асосан барои ҳимоятти марзҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла нуқтаҳои доғ дар марз бо Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар 4 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 20 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button