ВидеоКоррупсия

ЗАМИНСОЗИ ҶДММ “КОШИФ-2017” БА ГИРИФТАНИ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18 апрел хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи  Олимҷон Муҳаммадзода, заминсози ҶДММ “Кошиф-2017”-ро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Муҳаммадҷонзода Олимҷон Осим бар асоси моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в” ва “г” ба қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт, “Муҳаммадҷонзода Олимҷон Осим дар вазифаи мутахассис-заминсози ҶДММ “Кошиф-2017” кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 7000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст. Сипас, Муҳаммадҷонзода О.О. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, боз аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 5000 сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонуниаш ба охирон зарари ҷиддии моддӣ расонид”.

 Ба ин заминсоз бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  қариб 9 ҳазор гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ дар як нишасти и хабариаш эътироф кард, ки “замин имрӯз дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button