Коррупсия

ДАР ФАЙЗОБОД ДАҲҲО ҲОЛАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ФУРӮХТАНИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН ОШКОР ШУДААСТ

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории заминро дар ноҳияи Файзобод мавриди санҷиш ва таҳлил қарор додааст. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18 апрел хабар дод, ки санҷиш дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагони ноҳия қонунвайронкуниҳои зиёдеро ошкор намуд.

 Бар асоси ҳисоботи додситонӣ, дар натиҷаи санҷиш дар ноҳияи Файзобод, ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши 5,45 гектар замин ба 57 нафар ба маблағи 285000 сомонӣ, 120 000 рубли Русия ва 8800 доллари ИМА ошкор шуда, нисбати шахсони гунаҳгор 2 парвандаи ҷиноятӣ, 27 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба 15 қарори ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда, барои ба ҳолати аввала баргардонидани 0,75 га қитъаи замин амр дода, маблағи 28505 сомонӣ андози замин ба буҷети давлат барқарор карда шуд.

Ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ барои сохтмони биною иншоот ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёбад ҳам, аммо раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додаанд.

   Чунончӣ, таи солҳои 2019-2020 бо 4 қарорҳои ноҳия,майдони 0,43 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ғайриқонунӣ ба 4 нафар шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

    Бо эътирози овардашуда 4 қарори раиси ноҳия, бекор ва қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

    Тибки талаботи моддаҳои 26, 84 ва 89 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз заминҳои таъиноти нақлиёт ва солимгардонӣ бе иваз намудани таъинот танҳо барои эҳтиёҷоти ҳамин мақсад ҷудо карда метавонад.

    Раиси ноҳияи Файзобод, дар давраи солҳои 2019-2020 бо 3 қарори худ майдони 1 гектар заминҳои нақлиёти ноҳия, ки ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тааллуқ дошт ба 11 нафар ва майдони 0,26 гектар заминҳои солимгардонӣ, ки ба Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия тааллуқ дошт ба 2 нафар ба дигар мақсад, яъне барои сохтмони манзили истиқоматӣ гайриқонунӣ ҷудо карда додааст.

   Аз тарафи Прокуратураи генералӣ бақарорҳои гайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда шуд, ки қароҳо бекор ва заминҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия, баргаронида шуданд.

    Инчунин, ҳолатҳое ҷой доранд, ки шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати эҳтиёҷмандон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ нестанд ё ин ки дар ҳудуди ноҳия истиқомат намекунанд, аз тарафи Комиссия ба онҳо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудааст.

    Муайян карда шуд, ки дар асоси пешниҳоди комиссияи ҷамъиятии ноҳия ба 6 нафар шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд набуда, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, бо қарорҳои раиси ноҳия ҳамчун оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.     Ба қарорҳои мазкур ҷиҳати бекор кардани онҳо эътироз оварда, масъалаи аз рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд баровардани онҳо гузошта шуд.

   Боз ҳолатҳои ҷой доранд, ки кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод ҳангоми вобаста кардани заминҳои чарогоҳ, хилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, аз муҳлати дар қарори мазкур муқарраршуда муҳлати истифодабарии чарогоҳро зиёд вобаста менамоянд.

  Аз рӯи ин ҳолат ба 5 қарори раиси ноҳияи Файзобод, майдони 2060 га заминҳои чарогоҳҳои мавсимии муҳлатноки ноҳия ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ғайриқонунии вобаста карда шуда буд, ҷиҳати бекор кардани онҳо эътироз оварда шуда, қарорҳо бекор ва қитъаҳои замин ба заминҳои захираи ноҳия гузаронида шудааст.

   Ҳолатҳои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ, кумитаи идораи замин ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон ба хариду фурӯш ва тақсимоти ғайриқонунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ даст зада, низ ошкор карда шуд.

   Чунончӣ, собиқ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод, Ҳасанов И.И. ва дигар аъзои комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон майдони 1,68 га заминҳои таъиноти кишоварзӣ (намуди корами лалмӣ) ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Меҳробод ва ба номи Дустмурод Алиеви ноҳияро ба 27 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додаанд.

   Ё худ роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бедил»-и ноҳияи Файзобод, Раҳимов Қ.Қ. дар сатри ҷадвали шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки фермаи комплексии сохтмонаш нотамоми харидорӣ намудааш масоҳати умумии қитъаи заминро, ки 5,50 гектарро ташкил медодааст, бо рохи сохтакорӣ 15,50 гектар нишон дода, сипас майдони 3,0 га замини таъиноти кишоварзӣ (намуди чарогоҳ) бо роҳи сохтакорӣ аз худнамудаашро ба 33 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ бар ивази 285000 сомонӣ, 120 000 рубли Русия ва 8800 доллари ИМА ҳамчун замини наздиҳавлигӣ таксим карда фурӯхтааст.

   Нисбати Ҳасанов И.И., аъзои комиссияи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. барои ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва сохтакории шаҳодатномаи конунигардонии молу мулк бо моддаҳои 3381 қисми 2 банди “б” (гайриқонунӣ додани замин бо истифода аз ваколати мансабӣ), 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 банди “б” (сохаткории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешкӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

   Бо таъиноти суди ноҳияи Файзобод, аз 28 феврали соли 2022 нисбати аъзоёни комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, бинобар талофӣ гардидани заррари расонида шуда, дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24,08,2016 сол таҳти №1355 парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти суд қатъ карда шудааст.

    Бо ҳукми суди ноҳияи Файзобод, аз 16 декабри соли 2021нисбати роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. ҷазои ҷарима ба андозаи 1660 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 96,280 сомонӣ татбиқ карда шудааст.

    Ҳолатҳои зиёди худсарона ишғол намудани замин, ғайримақсаднок истифода намудани замин, бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда истифодабарии замин ва сари вақт пардохт накардани маблағҳои андози ягона аз тарафи заминистифодабарангон ошкор карда, нисбати 27 нафар ҳуқуквайронкунандагони дигар бо аломатҳои моддаҳои 141, 143, 146 ва 148 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои рӯёнидани қарзи андози ягона 7 адад амр ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дода, бо натиҷаи баррасии он маблағи 28 505 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ барқарор карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button