ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

БОЗДОШТИ ФИРӮЗ САИДИБРОҲИМОВ, ЯКЕ АЗ ЛИДЕРҲОИ МАҲАЛЛАИ ГУЛАКЕНИ ХОРУҒ (ВИДЕО)

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки  Фирӯз Саидиброҳимов, яке аз лидерҳои маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (собиқ Гулакен)-и шаҳри Хоруғ, ки барои авбошӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, рӯзи 18 апрел ихтиёран  ба РВКД Бадахшон ҳозир гардидааст.

РВКД Бадахшон гуфт,  Саидиброҳимов дар натиҷаи “корбарии мутақобилан судманди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят бо наздикону пайвандони ҷустуҷӯшаванда”  дар пайи мулоқоти сардори милитсияи вилоят генерал Шариф Назарзода бо сокинони Гулакен худро ба мақомот супурдааст. Як манбаи огоҳ ба “Бомдод” гуфт, генерал Назарзода ваъда додааст, ки дар сурати ихтиёран ҳозир шуданаш Саидиброҳимов ҷазои сабуктар хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, Саидиброҳимов Фирӯз Фарҳодович, санаи таваллудаш 26.03.1991, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш.Шоҳтемур, аз санаи 01.10.2021 барои содир намудани ҷинояти авбошӣ аз рӯи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Саидиброҳимов Фирӯз

Милитсия гуфт, “дар вохӯрии навбатие, ки дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (собиқ Гулакен)-и шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, масъалаи мусоидат намудани аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолони маҳал ва наздикону пайвандони ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта ҷиҳати бо ихтиёри худ ҳозир шудани ҷустуҷӯшавандагон ба мақомоти милитсия баррасӣ гардид. Тавре таъкид гардид, ин иқдом ҳангоми таъиноти ҷазо ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад.”

Милитсия гуфт, акнун тафтиши парвандаи ҷиноятии нисбати Саидиброҳимов Фирӯз аз нав ҷоннок карда шудааст.

Парвандаи Фирӯз Саидиброҳимов марбут ба занозании гуруҳиест, ки 19 сентябри соли 2020 дар варзишгоҳи Гулакен баъди як бозии футбол байни ҷавонони Гулакен ва маҳаллаи Бархоруғ рӯй дода буд. ВКД моҳи январ хабар дод, ки Содиқ Амадбеков, раҳбари ҷавонони маҳаллаи Бархоруғ, ки  ҳам барои ҳамон занозании якуним сол пеш дар ҷустуҷӯ қарор дошт, ба Душанбе омада, худро дар инҷо ба мақомоти милитсия таслим кардааст. Ин дар ҳолест, ки манобеи дигар мегуфтанд, Амадбеков дар фурудгоҳи Душанбе баъди бозгашташ аз Туркия дастгир шудааст.

19 сентябри соли 2020 дар пайи як бозии футбол байни маҳаллаҳои Бархоруғ ва Гулакен, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи Гулакен анҷом ёфт,  дар варзишгоҳ байни Амадбеков ва Саидиброҳимов муноқиша сар задааст.  Бино ба фарзияи ВКД, Амадбеков бачаҳои Бархоруғро дар атрофаш ҷамъ карда, бо бачаҳои Гулакен вориди муноқишаи гуруҳӣ шудаанд. Дар ҷараёни занозании байни мухлисони ду даста, ба гуфтаи ВКД, 14 нафар ҷароҳат бардошта, 20 шишаи тирезаи мактаби №2, тирезаҳои хонаҳои 8 сокин,  6 мошини шаҳрвандон, 7 шишаи хонаҳои сокинони Гулакен, 6 тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 4 шишаи тирезаи бинои “Амонатбонк”, шишаҳои варзишгоҳи Хоруғ, шишаи даромадгоҳи БДА шаҳри Хоруғро зада шикастаанд.  

Ҳамин тавр, тарафдорони Содиқ Амадбеков ҳаракати нақлиётро дар кӯчаи марказии Хоруғ барои беш аз як соат манъ карда, тирезаҳои  чанд мошинро низ зада шикастаанд.

Худи Содиқ Амадбеков дар як гузориши ВКД чунин баёнот дод: “Баъди бозии футбол байни ман ва Фирӯз аз Гулакен нофаҳмӣ шуд.  Мо ҷанг кардем ва даррав аз ду тараф: ҳам бачаҳои Гулакен ва ҳам бачаҳои Бархоруғ издиҳом ҷамъ шуд ва занозанӣ сар шуд дар даруни майдон.  Мо аз майдонча баромадем ва ҳамон ҷо тирезаҳои мактабро зада шикастанд. Оҳиста-оҳиста қафо рафтем, ки гуруҳи зиёдтар ҷамъ шуд, қариб 300 нафар.  Ҷанг дигар то роҳи асосӣ давом кард. Қариб як соат. Дар натиҷа тирезаҳои мардумро шикастанд, тирезаҳои чанд мошинро шикастанд, тирезаи “Амонатбонк” шикаст. Вақте ки мо қафо мерафтем, ба кормандони посгоҳи БДА ҳам санг расид. Ва вақте кормандони мақомоти қудратӣ ҳозир шуданд, мо пароканда шудем.”

Пойгоҳи хабарии Pamir Daily News қаблан акси қарори додгоҳи Хоруғ аз 28 ноябри соли 2020-ро нашр карда, хабар дода буд, ки Амадбековро дар ҳоле ба ҳабс гирифтанд, ки ӯро барои он занозании мухлисон алакай 406 сомонӣ ҷарима баста будаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button