ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ХУҶАНД 31 СОКИНИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВРО БА МАБЛАҒИ 450 ҲАЗОР ФИРЕБ ДОДААСТ

Сокини 44-солаи Хуҷанд, ки пеш барои порахӯрӣ суд шуда буд, ба он айбдор мешавад, ки моҳи январи соли 2021 бо ваъдаи аз маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд гирифта додани замин аз як зани 62-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 46 ҳазору 900 сомонӣ ва ба воситаи ӯ аз 30 сокини дигари ин ноҳия  дар умум боз 394 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, то имрӯз аз ин маблағ 152 ҳазору 500 сомониашро баргардонида, боқимонда 242 ҳазору 100 сомониашро барои худ сарф кардааст.

хххххххххххх
Зани 40-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли 2021 аз як зани сокини Турсунзода ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ либоси занона ва молҳои дигар гирифта, то ҳол  пулашро надодааст.

хххххххххххх

Зани 23-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров  ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 27 март, тахминан соати 10:00, аз хонаи зани 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд пул ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 11 ҳазору 475 сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 30 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани 2 ҳолати қаллобӣ ба миқдори махсусан калон

010

Аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров нисбати марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи январи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии зани 62-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, бо баҳонаи аз касабаи 12-уми шаҳри Хуҷанд замини наздиҳавлигӣ гирифта ва ҳуҷҷатгузорӣ карда додан, аз ӯ 46 ҳазору 900 сомонӣ ва ба воситаи ӯ аз 30 нафар сокинони ҳамин ноҳия ба маблағи умумии 394 ҳазору 600 сомонӣ гирифтааст.
Номбурда аз ин маблағ 152 ҳазору 500 сомониашро баргардонида, боқимонда 242 ҳазору 100 сомониашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 35-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки 15-уми майи соли 2021, зани 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ либосҳои занона ва дигар ашёҳоро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Вобаста ба ин ҳолатҳо тафтишот идома доранд.

Даст ба дуздӣ задани ҷавонзани 23-сола

000

Нисбати зани 23-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз карда шудааст.
Номбурда, 27-уми марти соли 2022, тахминан соати 10:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 100 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 11 ҳазору 475 сомониро ташкил медиҳад.
Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button