ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҚУРБИ РУБЛ ТО 155 СОМОНӢ БАРОИ 1000 РУБЛ ХЕСТ, ҚУРБИ ДОЛЛАР БАРАКС ПОЙИН РАФТ

Дар пасманзари хабарҳои мусбат аз музокироти сулҳи Русияву Украина қурби рубл нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир боло рафта, рӯзи 30 март дар биржа то ба ҳадди 155 сомонӣ барои 1000 рубл расид. Чунин ҷаҳиши қурби рубл аз замони шурӯи ҳамлаи Русия ба Украина дида намешуд. Бонки миллии Тоҷикистон низ қурбли расмии 1000 рублро дар ҳади 151 сомонию 60 дирам муқаррар кардааст.

Вале дар бонкҳо ва дар бозори сиёҳ нархи рубл каме пойинтар аст. Дар бозори сиёҳ саррофон барои 1000 рубл 140 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Бонки “Эсхата” низ 1000 рублро бо қимати 140 сомонӣ иваз мекунад ва ба 146 сомонӣ мефурӯшад.”Ҳумо” қурби харидашро 145 сомонӣ ва нархи фурӯшашро 148 сомонӣ барои 1000 рубл муқаррар кардааст. Нархи хариди 1000 рубл дар “Ориёнбонк” 130 сомонӣ ва дар “Амонатбонк” барои шахсони воқеӣ баробари қурби расмии Бонки миллӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) 144 сомонӣ гуфта мешавад.

Иқтисоддонҳо чунин болоравии қурби рублро фурсати хубе барои муҳоҷирони тоҷик барои табдили пасандозҳои рублиашон ба асъори дигар мешуморанд. Тайи чанд ҳафта ба сабаби хеле пойин рафтани қурби рубл муҳоҷирон ва наздикони онҳо аз табдили пулҳои худ ҳаддалимкон худдорӣ мекарданд. Ёдовар мешавем, ки баъди оғози ҳамлаи Русия ба  то ба ҳадди ҳадди 80-90 сомонӣ  барои 1000 рубл афтода буд.

Ҷаҳиши қурби рубл ҳафтаи гузашта замоне шурӯъ шуд, ки президенти Русия Владимир Путин амр дод, то гази Русияро ба кишварҳои “нодӯст” (асосан ба Аврупо) бо рубл бифурӯшанд. Кишварҳои Аврупо ин тақозоро рад карда истодаанд, вале изҳороти Путин тавонист қомати рублро хеле рост кунад ва қурби доллару евроро баракс пойин бубарад.

Доллари Амрико, ки дар Тоҷикистон суннатан як асъори аз ҳама қобили эътимод ба шумор мерафт, рӯзҳои охир баракси рубл давраи пурчолишеро паси сар карда истодааст.

Бар асоси мушоҳидаҳо, овозаҳо дар бораи эҳтимоли хеле пойин рафтани қурби доллар боис шудааст, ки сокинони Тоҷикистон талош доранд, то пасандозҳои худ бо долларро бо ҳар роҳе ба фурӯш бизананд ва аз пули амрикоӣ халос шаванд. Сокинон мегӯянд, агар пеш корафтодаҳо дар ба дари бонкҳо доллар мекофтанд, ҳоло бонкҳо аз қабули доллар сарпечӣ мекунанд.

Ин ҳолати таҳлука боиси уфти қурби доллар дар бозор гардид ва ҳатто Бонки миллии Тоҷикистон ҳам маҷбур шуд, ки қурби расмии долларро аз 13 сомонӣ барои як доллар то ба 12 сомонию 96 дирам пойин биорад.

Вале ҳоло қурби доллар дар бонкҳо, чӣ хариду чӣ фурӯшаш, хеле пойинтар аз ин қурби расмист.

“Эсхата” нархи хариди долларро 12 сомонию 50 дирам ва фурӯшашро 12 сомонию 70 дирам муқаррар карда, “Ҳумо” як долларро 12 сомонию 20 дирам мехарад ва 12 сомонию 50 дирам мефурӯшад.  “Амонатбонк” нархи хариди долларро барои шахсони ҳуқуқӣ 12 сомонию 49 дирам ва фурӯшашро 12 сомонию 85 дирарм таъйин кардааст, вале “Ориёнбонк ҳоло як долларро бо нархи ҳамагӣ 12 сомонӣ мехарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button