ВидеоҶомеа

МАРГИ ПАДАР ВА ДУ ФАРЗАНДАШ БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Дар шаҳри Бохтар бар асари як сӯхтор се шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон бохтаандДар ин сухтор, аз ҷумла ду кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расида аст. Гуфта мешавад ин шаҳрвандони Ӯзбекистон дар манзили иҷора зиндагӣ мекардаанд.

Валиҷон Бегиҷонзода, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо  “Азия-Плюс” ин ҳодиса ва ҳалокати се шаҳрванди кишвари ҳамсояро таъйид кард.

“Сӯхтор рӯзиякшанбе, 27-умимарт, дархонаи №6- икӯчаи Ориёи маҳаллаиБаҳорсарзадааст. ИншаҳрвандониӮзбекистондаринхонаиҷоранишинбудаанд. Чуноне маълум шуд, субҳ соати 7:00 модари хона, ки ба соҳибкорӣ машғул буд ба шаҳри Турсунзода меравад. Достон Рустамов,падари хонавода дари хонаро маҳкам карда, барои харидани шир меравад. Дар вақти набудани падар, кӯдакон дастгоҳи гармкунии электрикиро чапа мекунанд, ки дар натиҷа сӯхтор ба амал меояд”,- гуфт Бегиҷонзода.

Ба гуфтаи ин масъули сӯхторнишонӣ, «ҳамсояҳо тақрибан соати 8 аз сӯхтор  хабар мешаванд ва дари хонаро мешикананд. Вале вориди хона шуда наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, ба қисми навбатдории Раёсати оташнишонӣ занг мезананд. То расидани мо, Достон Рустамов расида меояд ва барои наҷоти кӯдаконаш ба хона медарояд. Вақте ду дастаи оташнишонон ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва вориди хона мешаванд, алакай кӯдакон ва падарашон  ба ҳалокат расида буданд. Ҷасади онҳо аз онҷо берун баровада шуд».

Достон Рустамов, сокини кӯчаи Абдулло Қаландари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон буда,  соли таввалудаш 1996 буд. Кӯдакони ноболиғаш Давлатбек Рустамови 4-сола ва Диёрбек Рустамови 3-сола буданд.

Дар пай ин сӯхтор, додситонии шаҳри Бохтар санҷиишро оғоз кардааст.

Валиҷон Бегиҷонзода мегӯяд, бино ба хулосаҳои пешакӣ гунаҳкори сар задани сӯхтор ва ба ҳалокат расидани кӯдакон падарашон марҳум Достон Рустамов шудааст.

“Агар Достон Рустамов дари кӯдаконро қуфл намекард онҳо имкони зинда мондаро доштанд. Вале падарашон дарро маҳкам кардаву рафтааст. Дар натиҷа ҳам худ ва ҳам кӯдаконаш ба ҳалокат расиданд”,- мегӯяд Валиҷон Бегиҷонов.

Ба гуфти манбаъ, ҷасадҳоро алакай барои дафн кардан ба Ҷумҳурии Узбекистон бурданд.

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/incidents/20220330/bar-asari-yak-suhtor-dar-bohtar-se-sharvandi-uzbekiston-alok-shudand

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button