ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО БАРОИ ПУЛИ ҚАРЗ ДАР ҚАБАТИ 39-УМИ “ЛАХТА-ЦЕНТР” КОРД ЗАДААСТ

Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия як муҳоҷири тоҷик як тоҷики дигарро дар қабати 39-уми сохтмони “Лахта Центр” корд задааст.

Бино ба иттилои Мойка78, рӯзи сешанбе, 29 март, соати 13:25, ба пули дар бораи ҳамла бо корд дар бинои  “Лахта Центр”  дар хиёбони Лахта, бинои №2 хабар додааст.

Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса рафта, муайян кардаанд, ки тақрибан соати 13 як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ дар қабати 39-уми бино бо як шаҳрванди дигари низ 30-солаи Тоҷикистон барои пули қарз вориди муноқиша шуда, бо талаби пулаш  ӯро латтукӯб кардааст ва ҳам корд задаст.

Ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд. Табибон дар бадани ӯ ҷароҳати косахонаи мағзи сар, захмҳои зиёди халандаю буранда дар ноҳияи косахонаи сар ва осеби мағзи сарро ташхис кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор бар асоси моддаи 30, қисми 3 ва моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси  ин банди қонун аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Ба зидди муҳоҷири дастгиршуда ҳамчунин бар асоси қисми панҷуми моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протоколи маъмурӣ низ тартиб додаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар Петербург сабти ном надошт. Муҳоҷири дастгиршударо дар боздоштгоҳ ҷой кардаанд.

“Лахта Центр” маҷмаи биноҳои иборат аз 87 қабат аст, ки дар шаҳраки таърихии Лахта дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург сохта мешавад. Қарор аст, дар оянда дафтари асосии ширкати бузургтарини Русия “Газпром” дар ҳамин бино ҷойгир шавад. “Лахта Центр”  баландтарин бинои осмонбӯс дар Аврупо шумурда мешавад. Сохтмони он ҳанӯз идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button