Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЗАНИ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ ҶИП ДАР ҚАРОТОҒ

ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати як зани пиёдагард дар як садама дар Қаротоғ хабар дод.

28-уми марти соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Ҳонда-CR-V», Комилов Абдуллоҷон Анварҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар назди деҳаи Аҳоруни ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Юлдошева Фароғат, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Юлдошева Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button