ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

“ДИЛАМ БА ОНҲО НЕ, БА КӮДАКОНАШ МЕСӮЗАД. НАМЕХОҲАМ, БЕПАДАР КАЛОН ШАВАНД. МАН ОНҲОРО БАХШИДАМ!” (ВИДЕО)

Шаҳноз Комилзода, журналисти шинохтаи тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки мурофиаи додгоҳии ду ҷавоне, ки рӯзи 19 декабри соли 2021 дар маркази Душанбе духтари  ноболиғи ӯ Мумтоз (абераи шоири шуҳратёр Мӯъмин Қаноат) ва як дугонаашро озору таҳқир доданд, ба поён расидааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қурбонов Кароматулло Файзалиевич, мулаққаб ба “Каром”, санаи таваллудаш 9 сентябри соли 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, гузаргоҳи 2 3 солу 6 моҳи зиндон  ва барои шарики ӯ Носиров Маъруф Муродалиевич, санаи таваллудаш 6 сентябри соли 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теппаҳои шарқӣ, ки бар асоси қисми дуюми моддаи 237 ба авбошӣ айбдор мешуданд, 3 соли зиндон талаб кард.

Вале Мумтоз ва дугонааш аз додрас хостаанд, ки онҳоро зиндон накунанд. Онҳо гуфтаанд, ҳар вақте бо ду кӯдаки хурдсол ба мурофиа омадани ҳамсари яке аз ин ҷавонҳоро медиданд, дилашон реш мешуд ва ба ҳоли кӯдакон месӯхт, ки агар ин ҷавононро зиндонӣ кунанд, онҳо бе падар чӣ хоҳанд кард? Дарди бепадарӣ барои Мумтоз, ки падараш Баҳрин Қаноат соли 2020 ҷавонмарг шуд, хеле ошност.

Шаҳноз муколамаи додрасро бо духтараш  дар ин бобат чунин нақли қавл кардааст:

Прокурор: … ба М. 3 сол ва ба Қ.3,5 сол ҳабс пешбинӣ шавад…

Судя: ҷабрдида, сухани охирони шумо, бо дархости прокурор розӣ ҳастед?

Мумтоз: (хомӯш монд, нигоҳе ба панҷараи айбдоршаввндаҳо карду бо садои ларзон гуфт) Не, розӣ нестам! 3 сол зиёд аст.

Судя: Зиёд? онҳо шуморо заданд боз дилат ба онҳо месӯзад?

Мумтоз: ба онҳо не, ба кӯдаконаш дилам месӯзад. Намехоҳам кӯдакон бе падар калон шаванд! Ман онҳоро бахшидам!

Дар натиҷа, бо ҳукми додгоҳ Кароматулло Қурбонов ва Маъруф Носиров шартан маҳкум шуда,  бояд ҳамчунин ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуда, ҳар кадом 6400 сомонӣ ҷарима низ бисупоранд.

Шаҳноз Комилзода мегӯяд, ки ӯ ва модари дугонаи Мумтоз аз ин тасмими фарзандони худ ҳимоят карданд. Шаҳноз менависад,  Мумтоз, ки ҳамагӣ 15 сол дорад,  дар додгоҳ ҳангоми баёнот додан он ду ҷавонеро, ки ӯву дугонаашро озор доданд, “ака” гуфта, муроҷиат мекард. То ҳадде ки ҳатто додрас ба ҳайрат омад ва пурсид:

Судя: Ҷабрдида шумо ин айбдоршавандаҳоро мешиносед?

Мумтоз: Не, ҳамон рӯз бори аввал дидамшон.

Судя: “Ака” гуфта ба онҳо муроҷиат мекунед, гӯё шинос ҳастед….

Мумтоз: Пз ман калон ҳастанд, ман бо ҳама одамҳои аз худам калон ака гуфта муроҷиат мекунам.

Судя: Онҳо туро заданд ку?!

Мумтоз: Фарқ надорад, аз ман калонанд.

Ин ду ҷавон рӯзи 19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт ба ду духтари ноболиғ, аз ҷумла духтари 15-солаи журналист Шаҳноз Комилзода ва абераи Устод Мӯъмин Қаноат,  бо баҳонаи ранг кардани мӯи сарашон ва рӯймол надоштанд, дарафтоданд. Ҳардуро алакай субҳи 20 декабр аз хонаҳояшон дастгир карданд. Милитсияи Душанбе дар шарҳи ҳодиса гуфт: “Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки тахминан соатҳои 15.40 дақиқаи санаи 19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “Гранд-Отел” қарор доштани 2 духтари ноболиғ, ҷавонписарони дастгиршуда пайдо гардида, нахуст духтаронро бо сабаби ранг кардани мӯи сар ва надоштани сатру рӯймол мавриди дашном қарор додаанд. Сипас баъди он ки духтарон бо телефон кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписаронро сабт карданӣ мешаванд, боздоштшудаҳо телефонро шикаста, бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зӯроварӣ ноболиғдухтаронро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд”.

Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Мумтозу дугонааш барои чунин бузургӣ нишон додан ва ба хотири фарзандони хурдсолашон бахшидани он ду ҷавон таҳсин хондаанд.

Матлаби пурраи Шаҳноз Комилзодаро дар зер бихонед:

Шахноз Комилзода  

Дар ниҳоят, моҷарои лату куби духтарам, ки 20 декабри соли 2021 дар назди Донишгоҳи Славяни рух дода буд, ба поён расид.

Қабл аз ин, ки тафсилоти он ҳодисаро бигуям, мехоҳам аз якояки ҷомеаи маҷозӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки баробари ман барои адолат садо баланд кардед, аз дустону наздиконе, ки дар он рузҳои сахт бо ҳар гунае дастгириамон карданд ҷаҳони сипос бигӯям.

Агар садои шумо намебуд ману Мумтоз ба танҳои наметавонистем то ин ҳад мувафақ шавем. Дастгирии шумо буд, ки ба ману духтарам қуввату ҷасорат бахшид то тули 3 моҳ дар рӯ ба рӯи стрессу, стигмаю, фишору кашмокашиҳои додгоҳӣ то охир устувор истодем.

Ман, сар фуруд меорам назди шумо ва дасти якояки шуморо мефишорам!

Кош, ин таҷрибаи талхи мо барои занозорони хиёбонӣ дарс шуда бошад!

Ҳамчунин, аз тамоми он мақомоти интизомие, ки (РКД дар шаҳри Душанбе, ШКД, прокуратура в Суди н.Шоҳмансур), аз оғози парванда то додгоҳ ин қазияро пайгирӣ карданд ва ба хотири пирӯзии адолат то ҷое қолабшиканӣ ҳам карданд, даст рӯйи қалбам мегузораму ташакур мегӯям.

Аз ҳамкасбону (расонаҳо) ниҳодҳои хусусию (НПО), байналмиллалӣ низ изҳори сипос мегӯям.

АСЛИ МАТЛАБ

Тавре дар рафти пайгирии қазия маълум шуд, барои нахустин бор буд, ки барои озори ноболиғон дар хиёбон парвандаи ҶИНОӢ боз шудааст. Маъмулан, дар чунин ҳолатҳо парвандаи маъмурӣ ва як ҷаримаи ночизе пешбинӣ мешудааст.

Ман аз оғози бозпурсӣ то охир барои адолат пофишорӣ кардам. Хушбахтона мақомот ҳам дарди маро эҳсос мекард. Ҳамон рузи нахуст аз 6 субҳ то 2 шаб дар ШКД ноҳияи Шоҳмансур қарор доштем. Ман барои масъулин иҷозат додам то духтарамро ҳар гунае, ки қонун иҷозат медиҳад бозпурсӣ кунанд. Агар гуноҳ аз духтари ман буд ман розӣ будам ӯ ҳам ҷазо дода шавад. аммо дар ҳаққи дигарон ҳам намехостам бегуноҳ зулм шавад.

Хулас, гаштаю баргашта шояд аз 20 маротиба бештар духтаронро бозпурсӣ карданд, ҳамчунин айбдоршавандаҳоро.

Суд муаян кард, ки воқеан ҳам дар сар задани он ҳолат худи ҷавонон гунаҳкор буданд. онҳо ҳам ба гуноҳашон иқрор шуданд ва бахшиш пурсиданд.

Прокурор 3,5 сол маҳрумият аз озодиро талаб кард.

Аммо духтари ман розӣ нашуд. Рузи аввали додгоҳ ҳамсари яке аз айбдоршавандаҳо бо ду фарзанди 2 ва 3 солааш омад. Манзараи мулоқоти падар ва фарзанд пас аз 3 моҳ дурӣ дар зеҳни Мумтоз чӣ таҳавулотеро ба бор овард, ки як бора назарашро дигар карду аз Судя хоҳиш кард, то ба хотири кудаконаш, падарро озод кунанд. Мумтоз гуфт ҳадафаш ҷазо ва дарси адаб ба дигар занозорони хиёбонӣ буд. Агар одам ислоҳ шуданӣ бошад дар ҳамин 3 моҳ ислоҳ мешавад агар не пас дар сад сол ҳам ислоҳ намешавад. Дугонааш ҳам пас аз ин посухи Мумтоз бо ӯ ҳамфикр шуд. Мо, модарон ҳам ҳамчунин. Мо ҳам онҳоро бахшидем!

Аслан ман аз ҳамон рӯзи нахуст, ки зимни дидори аввал наздик буд гулугираш кунаму чашмонашро кофта гирам дигар ором шуда будам аммо ба хотири адолат тасмим гирифтам то охир биравам.

Бисёриҳо маро ҷангу тавҳин карданд, ки чаро бахшидам онҳоро. Бояд ҳатман паси панҷара мерафтанд. Аммо…

Барои ман тасмим ва ҳолати равонии худи духтарон муҳим буд.

Ҳадаф танбеҳ буд, ки аз намуди зоҳирӣ ва суҳбаташон маълум буд, ки аз кардаашон пушаймон шудаанд ва рафтору гуфторашон ҳам хуб шуда буд. (Замон боз нишон медиҳад албатта!)

Сарнавишти онҳо ба зиндагии аҳли оила ва наздиконашон таъсири зиёд дошт. Ҳоло айбдоргавандаҳо аҳмақӣ карданду фикри онҳоро накарданд. Аммо ман натавонистам ба ҳама мушкилоти хонаводагиашон чашм пушам.

Ҳақ доред ману духтарамро ҷангу маломат кунед аммо мо натавонистем сарнавишти чанд хонаводаро вайрон кунем.

Дар ин қазия ман духтарамро тамоман аз дигар зовия дидам ва бо ӯ ифтихор кардам.

Ин ду кудак барои ман ҚАҲРАМОНАНД.

ОНҲО ТАВОНИСТАНД БО ДАР НАЗАРДОШТИ ҲАРОСУ СТИГМАЮ ДАҲҲО МУШКИЛ САДОЯШОНРО БАЛАНД КУНАНД.

ТО ОХИР ДАР КАНОРИ ҲАМ МОНДАНД. Имкони фирор доштанд аммо нагурехтанд балки ба ҳамдигар кумак карданд!

ДАР ҲАМОН ҲОЛАТ ИДОРААШРО ГУМ НАКАРД ВА БАРОИ ДАЛЕЛ АЗ ОНҲО АКС ГИРИФТ.

ДАЛЕРОНА БА САДҲО ПУРСИШҲОИ МАҚОМОТИ ИНТИЗОМӢ ПОСУХ МЕДОД. ҲАРЧАНД ДИГАР АЗ ТАКРОРГӮӢ ХЕЛЕ ХАСТА ШУДА БУД.

ҶОЕ ХЕЛЕ МЕТАРСИД БО ЧАШМОНИ ПУР АЗ ҲАРОС, САДОИ ЛАРЗОН, БО ДАСТОНИ САРДАШ ДАСТИ МАРО ФИШОР МЕДОДУ Ё ПУШТИ МАН ПИНҲОН МЕШУДУ АММО ҲАРФАШРО МЕГУФТ.

ХУРДАРИН ЭҲТИРОМИ ИНСОНИРО Ҳ ҲАТТО ДАР ҚИБОЛИ АЙБДОРШАВАНДАҲО РИОЯТ МЕКАРД.

Чанд лаҳзае, аз рафти додгоҳ, ки як умр дар зеҳнам хоҳад монд!

Судя: ҷабрдида шумо имкони гурехтан доштед, чаро нагурехтед?

Мумтоз: Ман чӣ тавр дугонаамро танҳо монда мегурехтам? Ман бояд дугонаамро аз дасти ин айбдоршавандаҳо наҷот медодам!

….

Судя: Ҷабрдида бо суханони айбдоршаванда розӣ ҳастед?

Мумтоз: қисман! нисфи гапаш дурӯғ аст. Акаи М. аввал гурехт аммо дубора омад. То охир онҷо буд бо акаи Қ.

Судя: аммо айбдоршаванда исрор дорад, ки ӯ набуд, гапи кадоматонро бовар кунам?

Мумтоз: Албоме, ки дар дастатон аст ( манзураш парванда аст) онҷо акси акаи М. ҳаст. Акс ҳамаашро исбот мекунад…

Судя: Ҷабрдида шумо ин айбдоршавандаҳоро мешиносед?

Мумтоз: Не, ҳамон рӯз бори аввал дидамшон.

Судя: “Ака” гуфта ба онҳо муроҷиат мекунед, гӯё шинос ҳастед….

Мумтоз: аз ман калон ҳастанд, ман бо ҳама одамҳои аз худам калон ака гуфта муроҷиат мекунам.

Судя: онҳо туро заданд ку?!

Мумтоз: Фарқ надорад, аз ман калонанд.

Прокурор: … ба М. 3 сол ва ба Қ.3,5 сол ҳабс пешбинӣ шавад…

Судя: ҷабрдида, сухани охирони шумо, бо дархости прокурор розӣ ҳастед?

Мумтоз: (хомӯш монд, нигоҳе ба панҷараи айбдоршаввндаҳо карду бо садои ларзон гуфт) Не, розӣ нестам! 3 сол зиёд аст.

Судя: Зиёд? онҳо шуморо заданд боз дилат ба онҳо месузад?

Мумтоз: ба онҳо не, ба кудаконаш дилам месузад. Намехоҳам кудакон бе падар калон шаванд! Ман онҳоро бахшидам!

Соат 2 шаб… садои навозиши гитор аз хоб бедорам кард. Мумтоз бо тамоми вуҷудаш гитор менавохт. “Мамаҷон, намехоҳам аз барои ман 2 кудак аз падарашон дур монанд…шумо намефаҳмед бепадар будан яъне чӣ, аммо ман мефаҳмам!”

Онҳоро ҷаримаи калон, бо ҷалби корҳои иҷтимоӣ ва шартан озод карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button