ВидеоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ РАИСИ СОБИҚИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН ШОДАВЛАТ ШОДАВЛАТОВ

Муаллиф: Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаби 14 март раиси собиқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар солҳои 1992-1993 ва намонядаи собиқи ин вилоят дар ҳукумати Тоҷикистон Шодавлат Шодавлатов бар асари беморие ки дошт, аз олам даргузашт. Дар ин бора пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News», ки бештар хабарҳои ВМКБро нашр мекунадхабар дод.

Манбаъ аз Шодавлатов нафаре ном бурдааст, ки тамоми умрашро ба хидмати халқу ватан сарф карда, дар душвортарин давра, дар солҳои 90- ум комиҷроияи вилоятии ВМКБ роҳбарӣ мекард ва бо тамоми қувва кушиш менамуд, ки сулҳу субот дар сарзамини мо пойдор бошад.

– Ба шарофати талошҳои ӯ ба минтақа кумакҳои башардӯстона роҳандозӣ шуд, ки ҳазорон нафарро аз гуруснагӣ наҷот дод. Ӯро ба таври воқеӣ яке аз асосгузорони сулҳу ваҳдати Бадахшон номидан мумкин аст, – менависад ин пойгоҳ.

Шодавлатов Шодавлат, соли 1942 деҳаи Занудчи ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада, баъди хатми факултети механикии хочагии қишлоқи Техникуми политехники шаҳри Душанбе, фаъолияти меҳнаташро ба ҳайси механики Иттиҳодияи «Точикселхозтехника»-и ҷумҳурӣ (1968-1974) оғоз намудааст.

Ӯ аз соли 1976 кори худро сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон оғоз карда, дар солҳои 1985-1990 раиси ноҳияи Ёвон буд.

Номбурда, 3 майи соли 1992, замоне, ки дар ВМКБ ноҳияи Роштқалъаи аз нав таъсис ёфт, раиси ноҳия интихоб гардид. Баъди се моҳ бо таклиф ва пешниҳоди Раиси Шӯрои намояндагони вилоят Акбаршо Искандаров ба вазифаи Раиси комитети иҷроияи ВМКБ таъин гардида, то 14 майи соли 1993 дар ин вазифа фаъолият доштааст.

Раҳим Масов ва Ҳайдаршо Пирумшоев дар китоби “Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон» дар шарҳи ҳоли Шодавлатов менависанд, ки “Шодавлатов соли 1992, дар вақте ба сари вазифа омад, ки шаҳри Хоруғ дар дасти гирдиҳамомадагон буд. Ӯ баъди вохӯрӣ бо роҳбарони мухолифин, масъаларо ҳал намуда, баъди ду рӯз гирдиҳамоиро пароканда ва ҳукумати қонуниро барқарор кард”.

Онҳо аз қавли Ш. Шодавлатов менависанд, ки ӯро ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи вилоят, моҳи майи соли 1992 роҳбарони ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Раиси Шӯрои вилоятии ВМКБ Акбаршо Искандаров тавсия намудааст.

Муаллифони китоб аз Шодавлатов яке аз бунёдгузорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сохтмони 40 км. роҳи кони ангишти Равноб, масъалаи сохтмони роҳи Кӯлоб Зиғар – Қулма-Қароқурум, ба кор андохтани ду агрегати нерӯгоҳи барқии «Помир-1» ва расонидани кӯмаки ғизоии дарозмуддат ба мардуми Бадахшон аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ ёдовар мешаванд.

– Бо мақсади беҳбудии зиндагии мардум ва бо нон таъмин намудани онҳо бо Хазинаи Оғохон ҳамкориро оғоз намуда, Ш.Шодавлатов ҳамроҳи намояндаи он ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард. Ш.Шодавлатов ва корманди Комиҷроияи вилоят Хушқадам Қурбонмуҳаммадов (Ширин Бунёд) номаеро тай ёр карда, онро ба воситаи Алимуҳаммад Рачпут ба Имом Оғохон ирсол намуданд. Бо кӯшиши раиси вилоят дар чунин давраи мушкил мардуми Бадахшон бо кӯмак ва дастгирии беғаразонаи Хазинаи Оғохон аз гуруснагӣ наҷот ёфтанд, – менависанд муаллифони китоби “Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон”.

Шодавлатовpo ҳамчунин яке аз дастандакорони баргардонидани гурезагон ба ватан ва таъмини онҳо бо ҷою макони амн медонанд. 

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20220314/darguzashti-shodavlat-shodavlatov-raisi-sobii-vmkb

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button