ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ИН ЧӢ МУСУЛМОНИСТ? ДАҲҲО КУШТАЮ ЗАХМӢ БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР МАСҶИДИ ШИЪАҲО ДАР ПЕШОВАР ДАР ВАҚТИ НАМОЗИ ҶУМЪА (ВИДЕО)

Рӯзи 4 март бар асари як таркиши шадид дар масҷиди шиъаҳо дар шаҳри Пешовар дар шимолуғарби Покистон дастикам 56 нафар кушта шуда, дастикам 194 тан захмӣ шуданд.

Таркиш дар масҷиди Ошнои Ашрӣ дар кӯчаи Рисолдор дар наздикии бозори намаки Ҷаҳонгирпур (масҷиди Мавлоно Ғуломалӣ Зоҳид) замоне рух дод, ки садҳо тан аз пайравони мазҳаби шиъа дар инҷо барои намози ҷумъа ҷамъ шуда буданд.

Масъулияти ҳамларо созмони террористии ДОИШ, ки дар Покистону Афғонистон бо номи “Давлати исломии Хуросон” амал мекунад, ба уҳда гирифта, гуфт, ҳамлагарон афғон буданд.  ДОИШ дар изҳороташ худситоӣ кардааст, ки бо вуҷуди тадбирҳои амниятие, ки Толибон дар Афғонистон ва пулис дар Покистон меандешанд, ҷангҷӯёни ин созмон ба сурати пайваста пайравони мазҳаби шиъаро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд.

Сардори пулиси Пешовар Муҳаммад Эъҷозхон гуфт, ҳамла ба масҷид аз тирандозии ду ҳамлагари маргталаб ба тарафи кормандони пулис, ки таъмини амнияти масҷидро ба дӯш доштанд, оғоз ёфт. Дар натиҷаи тирпарронии тарафайн як корманди пулис кушта ва як ҳамлагар кушта шуда, пулиси дуюм захмӣ шуд ва баъди ин, террористи дуюм тавонист вориди масҷид шуда, бомбро битарконад.  Таркиш ончунон сангин буд, ки шишаи тирезаҳои хонаҳо дар маҳаллаҳои атрофи масҷидро низ фурӯ резондааст.

Бино ба иттилои пулис, барои таркиш 5 кило маводи тарканда истифода шуда,  ба дохили бомб оҳанрезаҳо ҳам гузошта будаанд, то ки шумори қурбониёнаш ҳарчӣ бештар шавад.

Афсари мустаъфии артиши Покистон Шералӣ, ки пайрави мазҳаби шиъа буда, ҳангоми таркиш дар дохили масҷид қарор дошт, низ ҷароҳат бардоштааст. Дар ҳоле ки ӯ бо либоси сафеди хунолуд дар бемористон қарор дошт, аз ҳукумати Покистон хост, барои таъмини амнияти шиъаҳо ҷиддитар даст ба кор шавад.

Гуноҳи мо чист? Мо чӣ кор кардем? Мо магар шаҳрванди ин кишвар нестем?” – гуфт Шералӣ хитоб ба ҳукумати Покистон.

Сарвазири Покистон Имронхон ҳамла ба масҷиди Пешоварро маҳкум кард.

Дар моҳҳои охир дар Покистон хушунат рӯ ба боло овардааст. Даҳҳо сарбоз дар натиҷаи ҳамлаҳо ба посгоҳҳои артиш дар тӯли марзи Покистон бо Афғонистон кушта шуда, шиъаҳои муқими Покистон пайваста ҳадафи ҳамлаҳои хунин қарор мегиранд.

Шиъаҳо ҳамагӣ 5 фоиз аз 220 миллион аҳолии Покистонро ташкил медиҳанд. 91 фоизи сокинони Покистон пайрави мазҳаби суннӣ мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button