ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ЧИЛАХОН ХОЛОВ ҶАРРОҲӢ ШУДААСТ. ДАР ҲАҚҚИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ДУО КУНЕД (ВИДЕО)

Рӯзи 3 март дар  Маркази миллии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло), дар бино ё корпуси №10  Чилахон Холов, овозхони шинохтаи тоҷикро ҷаррроҳии гурда кардаанд.

Дар ин бора дар Фейсбук журналисти тоҷик Сайёфи Мизроб  хабар дод.  Ӯ Чилахон Холовро “богурдатарин сарояндаи тоҷик” ном бурда, хабар дод, ки зи 4 март, вақте овозхон баъди наркоз дубора ба ҳуш омад, хоҳиш кардааст, ки мухлисонаш дар ҳаққи ӯ дастбадуо бошанд.

Чилахон Холов дар поёни солҳои 80 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки  таҳти раҳбарии устоди равоншод Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

Нахустин сабти Чилахон Холов бадеҳа ё дуэти “Бозубандамро бидеҳ” буд, ки барои ин овозхони он вақт ҷавон шуҳрати саросарӣ овард.

Солҳои охир Чилахон Холов  бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекунад, вале дар хондани таронаҳои мардумӣ низ ҳамчунон тавоно ва забардаст эътироф шудааст.

Яке аз шоҳкорҳои тозаи ӯ таронаи “Лаби дарё аст”, ки ҳам бо мазмун, ҳам бо оҳанги равон ва ҳам бо сабки иҷрои чун ҳамеша вижаву нотакрори Чилахон Холов ба дили мардум роҳ ёфт.

Ӯ дар ин тарона аз ҷумла мехонад:

Лаби дарёи Ҳоит шиштанам шуд, ҷоне,

Ҳамон ёре, ки доштам, душманам шуд, ҷоне.

Ҳамон ёре, ки буд дасто ба гардан, ҷоне,

Камар баста, ба қасди куштанам шуд, ҷоне.

Аз ҳамаи мухлисони ин овозхони маҳбуб, инсони меҳрубон ва дарёдил хоҳиш мекунем, ки дар ҳаққаш дуо кунанд. Барои устод Чилахон Холов шифои комилу оҷил металабем!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button