ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЧАНДИН ПАРВОЗ БАЙНИ РУСИЯВУ ТОҶИКИСТОН БЕКОР ШУД. НАРХИ САФАР БА РУСИЯ БОЗ БА ОСМОН МЕХЕЗАД?

Ширкати ҳавопаймоии «Сибирь» (S7)  ба далели таҳримоти ба зидди Русия дар пайи ҳамлааш ба Украина ҷоришуда тамоми парвозҳои байналмилалиашро бекор кардааст.

 “Мутаассифона, ширкати ҳавопаймоии S7 маҷбур шуд, тамоми парвозҳои байналмилалиашро аз 5 март қатъ кунад”, – гуфта мешавад дар изҳороти ширкат. Ба мусофироне, ки алакай чипта харидаанд, ваъда доданд, ки пулашонро пурра бармегардонанд.

S7, ки дар бозори парвозҳои байни шаҳрҳои Русияву Тоҷикистон низ хеле фаъол буд, парвозҳояш ба Тоҷикистонро ҳам қатъ кардааст.  Аз ҷумла дар бораи бекор шудани парвозҳо байни Иркутску Кӯлоб ва Омску Бохтар хабар дода мешавад.

Ширкати “Уральские авиалинии”, бузургтарин ширкате, ки байни Русияву Тоҷикистон парвоз мекард, низ парвозҳояш ба Тоҷикистоно барои рӯзҳои 4 ва 5 март бекор кард. Ин парвозҳо мебоист аз Ростов ва Сочи сурат мегирифтанж. Вале ин ширкат мегӯяд, ҳанӯз сухан дар бораи лағви комили парвозҳояш намеравад ва мусофиронаш метавонанд ё пули худро пас бигиранд вай чиптаҳои худро ба фурудгоҳҳои дигар иваз кунанд.

Коҳиши башиддати парвозҳои байналмилалии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар ҳолест, ки ба зидди ин кишвар дар пайи ҳамлаи ҳарбиаш ба Украина таҳримоти сангин ҷорӣ кардаанд ва кишварҳои зиёде ҳарими ҳавоии худро барои парвози ҳавопаймоҳои Русия пурра бастанд. Коршиносон бар инанд, ки дар бозори мусофиркашонӣ, бахусус дар паҳнои СНГ, як буҳрони ҷиддие дар роҳ аст ва хоҳишмандони парвоз ба Русия, ба хусус муҳоҷирони корӣ, маҷбур мешаванд, то роҳҳои алтернативии расидан то Русияро биҷӯянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ин буҳрони авиатсионӣ ҳамзамон бо шурӯи мавсими нави сафари миллионҳо муҳоҷири корӣ аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Русия авҷ мегирад.

Дар баҳори соли 2021, вақте ки Русия марзҳои худро баъди авҷи пандемия дубора кушод, нархи парвозҳо ба Русия аз Тоҷикистон то 1500 доллар ба осмон хеста буд. Интизор меравад, ки агар лағви парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия байни шаҳрҳои ин кишвар ва Тоҷикистон авҷи боз ҳам бештар бигирад, он вазъияти як сол пеш рӯйдода метавонад дигарбора такрор шавад ва нархи чиптаҳои парвоз ва умуман сафар ба Русия аз нав ба осмон бихезад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button