ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

АМИРИ ҒӮРРАМАРГ. КӮДАКИ НАВЗОДИ ТОҶИК ҚУРБОНИИ ҶАНГИ УКРАИНА ШУД (3 АКС)

 Телеграм-канали Оперативный ЗСУ  хабар дод, ки рӯзи 4 март дар шаҳри Лвов дар ғарби Украина боз як қурбонии кӯчаки ҳамлаи артиши Русияро ба хок супурданд.

 “Кӯдаки тоҷик Амир ҳамагӣ 40 рӯз пеш дар шаҳри Харков ба дунё омада буд. Бо шурӯи бомбборони шаҳр аз сӯи нриӯҳои Русия падару модари Амир ҳамроҳи мардуми дигар ду шабонарӯзро дар таҳхона ба сар бурданд. Дар натиҷа, кӯдак гирифтори пневмония (варами шуш) шуд ва вақте ки ин оилаи муҳоҷирони тоҷикро аз Харков ба Лвов кӯчонданд,  варами шуш сабаби марги ин кӯдаки навзод шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Маросими дафни Амири ғӯррамаргро имоми масҷиди Лвов Шайх Мурод анҷом додааст. Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки дар қабристони кӯчаки мусалмонии Лвов Шайх Мурод ва падари ғамзадаи Амири ғӯррамарг маросими намози ҷанозаи ин тифлро доир мекунанд ва сипас ҷанозаи Амирро дар ҳамин қабристон ба хок месупоранд.

Дар Украина, бино ба ҳисоби мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон, беш аз 4 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ба сар мебурданд. Беш аз 900 нафари онҳо алакай  тарки Украина карда, 121 нафарашон ба Молдова ва  беш аз 800 тани дигар ба Полша рафтаанд ва ҳоло мунтазири ҳавопаймоҳоеянд, ки онҳоро ба Ватан бубарад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, тайи рӯзҳои аввали ҷангҳо байни Русияву Украина алакай се зодаи Тоҷикистон низ ба ҳалокат расидаанд: ду зодаи ноҳияи Дарвоз ва як зодаи ҷамоати Ворух. Ҳарсеи онҳо дар нирӯҳои тонкии артиши Русия хидмат мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button