ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ 3 МИЛЛИОН РУБЛ АЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ ДОМОДЕДОВО (3 АКС)

Гумруки фурудгоҳи Домодедово рӯзи 14 феврал хабар дод, ки кормандони гумрук дар ин фурудгоҳи Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон беш аз 3 миллион рубл пайдо кардаанд.

“Мусофире, ки бо парвози Маскав – Истанбул сафар мекард, дар фурудгоҳи Домодедово аз тариқи роҳрави сабз гузаштанӣ буд. Ҳангоми пурсиш ӯ гуфт, ки бо худ ҳудуди 2 миллион рубл пули нақд дорад. Вале ҳангоми тафтиши гумрукӣ шаҳрванди Тоҷикистон 2,9 миллион рубл ва 3500 доллари Амрикоро нишон дод. Маблағи умумии пулҳое, ки ғайриқонунӣ бурда мешуд, тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия, 33 ҳазору 84 доллар, ё ҳудуди 2,5 миллион рублро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи гумруки Домодедово.

Дар робита ба ин қазия тибқи Кодекси ҷиноиву мурофиавии Русия санҷиш идома дорад.

Аз аввали моҳи феврал ин алакай дуюмин ҳолати дар фурудгоҳҳои Русия бо пули калон ба даст афтодани шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Мария Закирова, сухангӯи гумруки Тюмен рӯзи 3 феврал хабар дода буд, ки кормандони гумрук дар фурудгоҳи Рошинои шаҳри Тюмен дар бағочи дастии як мусофири парвози Тюмен-Хуҷанд қариб якуним миллион рубл пайдо кардаанд. Закирова гуфт, ин мусофир бо чунин маблағи бузург бидуни эъломияи гумрукӣ мехост аз роҳрави сабз гузарад.

Андрей Бенковский, сардори посгоҳи гумрукии фурудгоҳи Рошино дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Дар ҷараёни пурсиши лафзӣ маълум шуд, ки ин мусофир ҳамроҳи худ 1 миллиону 433 ҳазор рублро ба Тоҷикистон бурданист.  Ин маблағ хеле бештар аз меъёри муқарраркардаи Бонки марказии Русия аст, ки бидуни эъломия ба хориҷ баровардани маблағи бародари 10 ҳазор доллари Амрикоро иҷозат медиҳад. Бар асоси қурби расмии Бонки марказии Русия, аз пулҳои ин мусофир 666 ҳазор рублаш ғайриқонунӣ ба хориҷ бароварда мешуд”.

Дар пайи анҷоми назорати гумрукӣ, тибқи қурби расмӣ, маблағи баробари 10 ҳазор доллар, яъне 767 ҳазор рублро ба ин мусофири парвози Тюмен-Хуҷанд бо забонхат баргардонда, вале 666 ҳазор рубли боқимондаашро мусодира кардаанд. Мария Закирова хабар дод, ки “дар робита ба ин мавриди бидуни эъломия ба хориҷи қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) баровардани пулҳои нақд бар асоси моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ  тартиб додаанд. Ин парванда ба додгоҳ ирсол шуд”.

 Моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои ба хориҷ баровардани пули нақд ҷарима ваё мусодираи пулҳои гирифташударо ба фоидаи давлат пешбинӣ мекунад. Маблағи ҷарима низ аз 50% то ду баробари пулҳои аз қонуншикан гирифташударо ташкил медиҳад.

Дар пайи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо беш аз 3 миллион рубл, гумруки Домодедово бори дигар хотиррасон кард, ки бар асоси муқаррароти қабулшуда дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, ҳангоми парвоз ба хориҷ мусофирон бояд пулҳои нақди арзишашон беш аз 10 ҳазор доллари Амрикоро ҳатман эъломия кунанд . Дар сурати аз 100 ҳазор доллар бештар будани пулҳое, ки ба хориҷ бароварда мешаванд, мусофирон бояд ҳамроҳ бо эъломияи гумрукӣ санад дар бораи манбаи пайдоиши ин пулҳо, аз ҷумла санади бонкро низ нишон диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button