ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ ДУ БАДМАСТ ДАР ПАЙИ ҶАНҶОЛ ДАР НАЗДИ БОЗОРЧАИ “ЖИЛМАССИВ” (3 АКС)

Милитсияи Душанбе хабар дод, ки ахиран ду сокини 38 ва 44солаи пойтахтро, ки да назди бозорчаи Жилмассив дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳолати мастӣ атрофиёнро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дағалона вайрон кардаанд, боздошт карда, бо ҳукми додгоҳ бо ҷурми майдаавбошӣ барои даҳрӯзӣ ба ҳабсти маъмурӣ кашондаанд.

Ҳамчунин як донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи аграрӣ барои бо худ гардондани корд ва сокини 31солаи кӯчаи Спитамен барои озор додани аҳли хонаводааш ҳар кадом ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти РВКД Душанбе

Оқибати мастӣ: Ҳабси 2-нафар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Мутаассифона баъзе нафарон машруботи спиртиро аз меъёр зиёд истеъмол намуда, дар бозору дигар маконҳои ҷамъиятӣ бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, боиси озори шаҳрвандон мегарданд.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳафтаи ҷорӣ якчанд далели дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятиро ошкор ва нисбати номбурдагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Боев Ҳошимшо Ҳакимович, санаи таваллудаш 14.03.1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегин (ДАР АКСИ АВВАЛ АЗ ТАРАФИ РОСТ), дар ҳолати мастӣ дар назди бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур, шаҳрвандону атрофиёнро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дағалона вайрон кардааст.

Нисбати бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон проколои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Инчунин шаҳрванд Бердиев Хуршед Бобомуродович, санаи таваллудаш 05.05.1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҷ.Икромӣ низ аз ҷониби кормандони милитсия барои таҳқиру дашноми шаҳрвандон боздошт гардид. Номбурда низ дар ҳолати мастӣ дар бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаааст.

Нисбати номбурда низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Амалиёти “Корд”: ҳабси донишҷӯи кордбадаст

  Мақомоти милитсияи пойтахт давоми 3-соли охир бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард амалиёти шартии «Корд»-ро роҳандозӣ намудаистодааст. Ин аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ содиршавии ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард миёни ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфтааст.
  Дар натиҷа баргузории амалиёти «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Одинаев Ҳабибулло Абдусаломович, санаи таваллудаш 18.09.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дастгир ва аз ӯ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Нофаҳмиҳои ночизи оилавӣ оқибат ба ҳодисаҳои гушношунид меанҷомад!

  Муноқиша ва ҷиноятҳои вазнин дар муҳити оила дар бештари маврид аз нофаҳмиҳои хурду ночиз оғоз ёфта, оқибат ба ҳодисаҳои гушношунид меанҷомад. Воқеан ҷомеаи ободу пешрафта аз солимии оилаҳо вобастагии калон дорад. Кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон ва дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамоянд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи пешбурди чунин корҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд Икромов Асадулло санаи таваллудаш 19.04.1991 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спитамен муносибатҳои дағалонаву ноустуворро ба роҳ монда, бо амалу рафтори нохушоянди худ боиси озори аъзои оила гардидааст. Номбурда нисбати дигар аъзоёни оилаи худ дашному ҳақорат ва алфози қабеҳро истифода намуда, боиси озору азияти онҳо гардидааст.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button