ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
ДУЗДИИ 5524 СОМОНӢ АЗ ЯК ТЕРМИНАЛИ ПУЛГУЗАРОНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Сокини 40-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки шаби 10-уми феврали соли 2022, тахминан соати 22:20 аз терминали маблағгузорӣ 5 ҳазору 524 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 14 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор гардидани дуздӣ аз терминали пардохтӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 40-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми феврали соли 2022, тахминан соати 22:20-дақиқа, бо роҳи кушодани дар аз терминали маблағгузорӣ 5 ҳазору 524 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.