ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ ЯК МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 14 феврал хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Мустафоқулов Темур, муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштичро анҷом дода, дар пайи тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳ супурдааст. Темур Мустафоқулов ба гирифтани 23 ҳазор сомонӣ пора дар ивази ҷудо кардани як қитъаи замин айбдор мешавад, вале парвандаи ӯро бар асоси банди “а”-и  қисми сеюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун қаллобӣ банду баст кардаанд.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд «А» ба Агентӣ бо ариза муроҷиат кард, ки нисбати муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич Мустафоқулов Темур Мустафоқулович чораҳои қонунӣ андешида шавад, чунки номбурда аз ӯ барои ба номи бародараш ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.  Номбурда бо маблағи қаблан гирифтааш қонеъ нагашта,   аз шаҳрванд «А» барои ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтмон маблағи 20000 сомонии дигар талаб карда, аз ин маблағ 13000 сомониашро пешакӣ гирифта, боқимонда 7000 сомониро талаб намудаст. Зимни аз ҷониби кормандони Агентӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 7000 сомонӣ охирон дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.”

 Агентӣ далели ҳамчун қаллобӣ банду баст кардани парвандаи сирф порахӯрии як мансабдори баландпояро шарҳ надодааст. Дар Тоҷикистон дар солҳои охир мавридҳои ба моддаи ҷазояш сабуктари қаллобӣ тоб додани парвандаҳои мансабдорони порахӯр зиёд шудааст. Дар натиҷа, аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон, замин дар ин кишвар моликияти истисноии давлат ба шумор меравад ва фурӯши он қатъиян манъ аст. Вале бо ин вуҷуд, фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ ваё барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад.  Чанде пеш раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ эътироф кард, ки замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Тақрибан ҳар моҳ мақомоти ин кишвар дар бораи боздошти чандин мансабдор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар медиҳанд.

Баландпоятарин мансабдоре, ки бо чунин ҷурм маҳкум ба зиндон шуд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода буд, ки моҳи июни соли 2020 дастгир гардид ва моҳи ноябри ҳамон сол ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button