ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

МУҲОҶИРИ ТОҶИК: КОРМАНДОНИ ПУЛИС МАРО БА ҶАНГАЛ БУРДА, ПУЛ ТАЛАБ КАРДАНД. ПУЛИСИ ЕКАТЕРИНБУРГ ИНРО РАД МЕКУНАД

Ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик, ки барои ин фаъолиятҳояш ахиран аз Русия ихроҷ карда шуд, ба Новая газета  хабар дод, ки шоми 8 феврал кормандони пулис дар Екатеринбург шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро дар назди хонааш дастгир карда, ба ҷангал бурдаанд ва аз вай пул тамаъ кардаанд. Одинаев шоми 8 феврал бо Чупик дар тамос шуда, хабар додааст, ки ӯро дар назди хонааш кормандони пулис манъ карда, кӣ будану дар инҷо чӣ кор карданашро пурсидаанд ва хостаанд, ки ҳуҷҷатҳояшро нишон бидиҳад. Одинаев мегӯяд, танҳо “гуноҳ”аш ин буд, ки аз онҳо низ ҳуҷҷат пурсид. Кормандони пулис аз ин ба хашм омада, дастони Одинаевро тоб дода, ба мошинашон бораш кардаанд ва муҳоҷири тоҷикро ба шуъбаи пулиси ноҳияи  Верх-Исетский бурданӣ шудаанд.

Чупик мегӯяд:  “Ман ба онҷо бо шикоят муроҷиат кардам. Баъд намедонам, чӣ шуд?, вале гумон меравад, ки кормандони пулис аз ин хабар ёфта, ба гуфтаи Одинаев, ӯро ба як ҷангал бурдаанд ва тарсонда, талаб кардаанд, ки бояд ба онҳо пул бидиҳад. Одинаев ҷавоб додааст, ки одами пулдор нест ва ҳам намедонад, ки чаро бояд ба онҳо пул бидиҳад? Баъди ин кормандони пулис Одинаев дубора ба мошин бор карда, ба шуъбаи №8 бурдаанд”.

Одинаев тавонистааст ба Чупик хабар диҳад, ки дар шуъбаи пулис ба вай амр додаанд, ки ба зону зада, барои шикояташ ба ҳомиёни ҳуқуқ узр бипурсад. Одинаев иҷрои ин амри таҳқиромезрор рад кардааст ва  онҳо таҳдидаш кардаанд, ки ӯро 15 шабонарӯз ба ҳабс мешинонанд.

Ба гуфтаи Чупик, Одинаев соати даҳи субҳи 9 феврал ба вақти Екатеринбург тавонистааст бо ҳамсараш дар тамос шуда, хабар диҳад, ки пойафзол ва курткаи ӯро кашида гирифта, дар рӯи фарши сарди бетонӣ нигоҳаш доштаанд ва ҳатто иҷозати ба ҳоҷатхона рафтан надодаанд. Одинаев гуфтааст, ки ӯро ба “муқовимат ба талаботи қонунии кормандони пулис” айбдор мекунанд. Одинаевро рӯзи 9 феврал ба додгоҳ бурдаанд, вале мурофиа доир нашудааст ва ӯро боз ба ҳамон шуъбаи №8 овардаанд.

Одинаевро барои “муқовимат ба намояндаи давлат” метавонанд аз ҳаққи иқомат дар Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷаш кунанд. Ҳамсар, фарзандон, бародар ва падари Одинаев алакай шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Худи ӯ  рӯзи 15 феврал  барои супурдани ҳуҷҷатҳояш барои дарёфти шаҳрвандии Русия вақт гирифта буд.

Ва аммо дар шуъбаи №8 пулиси Екатеринбург ба Новая газета  гуфтаанд, ки “ин шаҳрванд барои қонуншикании маъмурӣ дастгир шудааст.”

Хадамоти матбуоти пулиси Екатеринбург низ хабари ба ҷангал бурдани Хайриддин Одинаев ва аз ин шаҳрванди Тоҷикистон пул тамаъ кардани кормандони пулисро рад мекунад.

 Ин шаҳрвандро кормандони пулис рӯзи 8.02.2022  дар ҳудуди боғҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Верх-Исетский пайдо карданд. Ӯ талаби кормандони ВКД барои нишон додани ҳуҷҷатҳояшро рад карда, рафтори номутаносиб нишон дод. Муқовимат нишон дод ва ба ин далел маҷбуран ба шуъбаи пулиси он минтақа оварда шуд”.

Пулиси Екатеринбург гуфт, нисбат ба Хайриддин Одинаев бар асоси моддаи 19.3 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия  бо иттиҳоми муқовимат ба кормандони пулис парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба Одинаев бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 2 ҳазор то 4 ҳазор рубл, ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 шабонарӯз ваё корҳои маҷбурӣ ба муҳлати аз 40 то 120 соат таҳдид мекунад. Азбаски Одинаев шаҳрванди хориҷист, ӯро метавонанд ҳамчунин аз ҳаққи иқомат дар Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button