ВидеоМуҳоҷирон

ХУДОЙҚУЛОВ, БОБОҚУЛОВ, МУҲАММАДИЕВ, БУРҲОНОВ… НОМИ ҒОРАТГАРОНИ МАҒОЗАИ “ПЯТЁРОЧКА” МАЪЛУМ ШУД (ВИДЕО)

Телеграм-канали SHOT исми 4 нафари дастгиршуда бо иттиҳоми ҳамлаи хунин ба мағозаи “Пятёрочка” дар ҳудуди ноҳияи Истраи вилояти Маскавро нашр кард. Бино ба иттилои ин канал, ин 4 нафар ҳама зодагони Тоҷикистон буда, расман дар ягон ҷо кор намекарданд.

  1. Зафар Худойқулов, 29-сола, аз соли 2017 дар Русия қарор дошта, бе сабти ном зиндагӣ мекард.
  2. Ҳабибулло Муҳамадиев, 21-сола, муваққатан дар вилояти Маскав сабти ном дошт. 43 ҳазор рубл аз пулҳои ғоратшударо аз ҳуҷраи вай пайдо кардаанд. 3
  3. Назирқул Бобоқулов, 19-сола, ӯ бо Муҳамадиев дар як ҳуҷра сабти ном дошт.  
  4. Акбаралӣ Бурҳонов, 24-сола, аз соли 2020 дар Русия қарор дошта, дар шаҳри Маскав сабти ном доштааст.

Хабаргузории ТАСС хабар дод, ки додгоҳ ҳанӯз моҳи марти соли 2021 Ҳабибулло Муҳамадиевро дар фаъолияти кории ғайриқонунӣ гунаҳкор шинохта, ҳукми ихроҷи ӯ аз Русияро бароварда будааст, вале ӯ бо кадом роҳе тавонистааст, дар Русия бимонад. Ба иттилои манбаи дигари ТАСС, дастикам як нафар аз ин 4 нафари дастгиршуда қаблан ҳудуди як сол дар шабакаи мағозаҳои “Пятёрочка” кор карда будааст.

Манбаи ТАСС хабар дод, ки “ба ҳамаи 4 нафари дастгиршуда барои иштирок дар чорабиниҳои тафтишотӣ тарҷумон лозим аст, чунки онҳо ба русӣ хеле бад ҳарф мезананд ва ончӣ ки дар санадҳои тафтишотӣ менависанд, намефаҳманд. Ба онҳо тарҷумон дода хоҳад шуд”. Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, додгоҳи Истра рӯзи 11 феврал масъалаи ҳабси пешакии гумонбаршавандагонро баррасӣ хоҳад кард.  

Ҳамла ба мағоза соати қариб дувоздаҳи шаби 8 ба 9 феврал, вақте рӯй дод, ки мағоза бояд баста мешуд ва мудири мағоза Наталя Пашкова, шавҳари ӯ Сергей Пашков, ки барои бурдани занаш омада буд, ва кассир Людмила Вяткина корҳоро ба субут расонда, мунтазири шавҳари Вяткина будаанд, то мағозаро қуфл карда, хона ба хона бираванд.

Ғоратгарон 4 нафар будаанд, вале танҳо ду нафари онҳо ба мағоза даромада, якеи дигар дар пушти фармони мошин мунтазири шариконаш истодааст ва якеи дигарро дар паҳлуи мағоза “қаровул” мондаанд, ки агар мабодо одамон ё пулис ба сӯи мағоза биоянд, дарунбудаҳоро хабардор кунад.

Ду ғоратгари ниқобпӯши мусаллаҳ бо битаҳои бейсбол ё дастаи бел ё табар дари қафои мағозаро тақтақ кардаанд. Вяткина бо ин хаёл, ки шавҳараш омадааст, ба “глазок” нигоҳ накарда, дарро кушодааст. Ғоратгарон вориди мағоза шуда, ҳарсе нафари дар дохил бударо латтукӯб кардаанд. Дар натиҷа Вяткина бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон дода, мудири мағоза ва шавҳараш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Ғоратгарон сипас сейфи мағозаро кушодаанд, вале ҳамагӣ 71 ҳазор рубл пайдо кардаанд. Онҳо пулҳоро ба ҷайби худ монда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар ҳоли фирор дар кӯча онҳо бо шавҳари Вяткина, ки ба сари занаш омада буд, рӯбарӯ шуда, ӯро ҳам кӯфтаанд ва чархҳои мошинашро ҳам шикоф кардаанд, ки онҳоро пайгирӣ карда натавонанд.

Ғоратгарон баъди ин ҳама ба хобгоҳашон дар деҳаи Чесноково, ки аз мағозаи ғоратшуда ягон 50 км дуртар буд, рафта, оромона мехостанд бихобанд. Вале кормандони пулис бо изи гарм ин ҷиноятро кушода, алакай соате баъд ғоратгаронро аз ҷогаҳашон дар он хобгоҳ дастгир карданд.

Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия дар суҳбат бо Газета.Ру  ин 4 нафари боздоштшударо “доғи нангине барои миллат” номид ва гуфт, доғдор кардани обрӯи мардум  ҷинояти онҳоро “боз ҳам манфуртару малъунтар нишон медиҳад”.

 “Ман барои чунин одамон ҷазои аз ҳама сахтро талаб дорам. Барои мо дардовар он аст, ки онҳо мардумро моро беобрӯ карданд… Аз ҳама бадаш он аст, ки онҳоро боз мусулмон хоҳанд гуфт. Дар чунин одамон заррае мусалмонӣ нест. Ҳаёти инсон дар Ислом аз ҳама арзишманд аст, сарватҳои моддӣ дар баробари ҳаёт қадре надоранд. Вале инҳо барои нафси бади худ даст ба ҷони як инсон заданд ва аз ин рӯ сазовори шадидтарин ҷазоянд” — гуфтааст Абдулло Давлатов ба нашрияи Газета.Ру.

Шуъбаи тафтишоти шаҳри Истра ин қазияро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: қисми чоруми моддаи 162 (ғоратгарӣ) ва қисми чоруми моддаи 111 (расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст) тафтиш мекунад. Акнун ба чор нафари дастгиршуда барои 71 ҳазор рубли баяғмобурдаашон  барои ғоратгарӣ аз 8 то 15 соли зиндон ва барои куштани зани кассир низ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button