ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҚАЛЛОБӢ: ЯКЕ 21 ҲАЗОР ДОЛЛАРРО 6 СОЛ БОЗ НАМЕДОД, ДУИ ДИГАР – 20 ҲАЗОРРО 10 СОЛ БОЗ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 10 феврал аз ошкор шудани боз ду ҳолати қаллобӣ хабар дод. Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 66-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 2-юми марти соли 2016 марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан ҳам бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои қаллобӣ суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 21 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 46 ва 58-солаи сокинони шаҳри мазкур бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуданд. ВКД гуфт, номбурдагон соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии марди 66-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ӯро фиреб додаанд.
Нисбати номбурдагон аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ  оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button