ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ДАР 20 РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 266 НАФАР ГИРИФТОРИ КОРОНАВИРУС ШУДААНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 9 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 6 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт шуда, дар ин муддат 6 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Ба ин тартиб, шумораи онҳое, ки дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон аз коронавирус табобат мегиранд, то шоми 8 феврал бетағйир:  ҳамон 24 нафар боқӣ монд. Дар аввали моҳ шумораи гирифторони коронавирус то 80 нафар шуда буд.

Вазорати тандурустӣ аз 21 январ ба ин тараф алакай 266 мавриди гирифторӣ ба коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то шоми 9 феврал дар Тоҷикистон 17 ҳазору 361 нафар ба коронавируси навъи нави COVID-19  гирифтор шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 17 ҳазору 213 нафар, ё 99,1% аз ҷамъи беморон шифо ёфтаанд, вале 124 сокини Тоҷикистон аз ин беморӣ, мутаассифона, ҷон бохтаанд.

Мунтақидон бар инанд, ки шумораи воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустист.

Вале ҳам сокинон ва ҳам табибон эътироф мекунанд, ки доманаи паҳншавии коронавирус дар кишвар дар муқоиса бо тобистони соли гузашта, ки даҳҳо нафар қурбони ин вирус шуданд, камтар аст ва хушбахтона, хабари маргумир аз ин беморӣ  дар ин авохир қариб ба гӯш намерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button