ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

АДВОКАТИ АЛОВАТШОЕВ: НИСБАТ БА ВАЙ ЯГОН ШИКАНҶА, ЗӮРОВАРӢ ВА ТАҲҚИР НАШУДААСТ (ВИДЕО)

Зайниддин Хайриддинов, ки худро адвокати Амриддин Аловатшоев, яке яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ кард, дар як видеои якдақиқагӣ сарусадоҳо дар бораи шиканҷа додани ӯро дар боздошт рад кард. Ин видео рӯзи 10 феврал тавассути саҳифаҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб”, гуруҳи троллҳои таҳти назорати мақомоти амниятии Тоҷикистон нашр шуд.

Қаблан Алим Шерзамонов, зодаи Бадахшон ва яке аз роҳбарони оппозитсияи тоҷик гуфт, Аловатшоевро дар Душанбе дар боздошт ба ҳадде азобу шиканҷа додаанд, ки ӯ ду рӯз аз ҷой хеста наметавонист.

Аммо Зайниддин Хайриддинов гуфт, ин иддао асос надорад: “Як рӯз пеш бо ӯ вохӯрда будам. Аз вазъи саломатиаш пурсон шудам. Сиҳату саломат буд, ягон шикоят ё арз нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди нисбаташ татбиқ намудани шиканҷа надорад. Ҳамон рӯз бо хулосаи тиббии гузарондашуда, ки духтурон вайро бо он шинос карданд ва боз як бор пурсиданд, ки оё  нисбаташ ягон шиканҷа ё зӯроварӣ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ истифода шудааст? Ӯ арз намуд, ки нисбаташ ягон шиканҷа, зӯроварӣ ва таҳқир амалӣ карда нашудааст. Ӯ изҳор намуд, ки ба наздикӣ амакаш ва чанд хешу табори наздикаш бо вай вохӯрӣ карданд ва аз вазъи саломатиаш хабардор ҳастанд. Ҳар як шахсе ки наздик аст, хешу табораш метавонад, ки дар асоси қонун омада, бо иҷозати мақомоти тафтишоти пешакӣ бо вай вохӯрда, аз вазъи саломатиаш бохабар шавад.”

Тасдиқи ин суханони Хайриддинов тавассути манобеи дигар то ҳол муяссар нашудааст. Маълум нест, ки Хайриддиновро хонаводаи Аловатшоев ҳамчун адвокат киро кардаанд ваё ӯ аз ҷониби мақомот таъйин шудааст?

Қаблан амаки Аловатшоев низ сарусадоҳо дар бора шиканҷа шудани ӯро рад карда буд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран чанд созмони ҳомии ҳуқуқ  ба қазияи Амриддин Аловатшоев таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ҷумла Эътилофи ҷомиаи шаҳрвандӣ ба зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR)  дар як изҳороти муштарак, ки 7 феврал нашр шуд, аз сарнавишти Аловатшоев изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки Аловатшоеви 44-сола баъди маҷбуран аз Русия оварда шуданаш дар Тоҷикистон метавонад ба таҳдиди воқеии шиканҷа, бадрафторӣ ва дигар ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқи инсон дучор шавад.

“Мақомоти Тоҷикистон аз  11 январ  то 2 феврали соли 2022 дар бораи боздошт ва куҷо будани ӯ ягон маълумот надоданд. То замони таҳияи ин изҳорот ҳам дар бораи куҷо будани Аловашоев, аз ҷониби кадом ниҳод дастгир шудани ӯ ва ба чӣ ҷиноятҳое айбдор шуданаш ягон маълумот нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё вай ба кумаки ҳуқуқӣ дастрасӣ дорад ё на”, – гуфта мешавад дар ин баёния.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки дар бораи дар куҷо нигоҳ дошта шудан ва вазъи саломатии ин лидери ғайрирасмии Бадахшон маълумот дода, ба ӯ ба таври билофосила ва бемамониат имкони дастрасӣ ба адвокат ва алоқа бо хешовандонашро фароҳам биоранд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи инсон Human Rights Watch   низ рӯзи 7 феврал дар як изҳороти алоҳида аз мақомоти Душанбе хост, то парвандаи Аловатшоевро одилона тафтиш кунанд.

Дидбони ҳуқуқи инсон боздошти Аловатшоевро ба ташкили эътирози зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рабт дода, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки макони будубоши ӯро эълон ва дастрасии озодонаи ӯ ба вакили дифоъро таъмин кунанд.

Амриддин Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва, бино ба хабарҳо, алакай рӯзе баъд ба Тоҷикистон фиристода шуд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо рӯзи 2 феврал истирдоди ӯро тасдиқ карданд.

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button