ВидеоКоррупсия

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ КОРРУПСИЯ ДАР ДУНЁ ҶОИ 150-УМРО ГИРИФТ

Созмони байналмилалии “Transparency International“ (“Шаффофияти байналмилалӣ”), ки сатҳи коррупсия дар кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, рӯзи 25 январ гузориши солонаашро бо номи  “Шохис (индекс)и коррупсия 2021“ (“Corruption Perceptions Index 2021”)   нашр кард. Тоҷикистон дар раддабандии имсола дар ин гузориш низ дар байни 180 кишвари дунё аз нигоҳи сатҳи коррупсия бо 25 имтиёз аз 100 имтиёзи мумкин ҷои 150-умро гирифтааст.

Тоҷикистон аз соли 2018 ба ин тараф инак чор сол боз дар гузоришҳои солонаи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ”аз 100 имтиёзи мумкин ҳамагӣ 25 имтиёз ба даст меорад. Баҳои аз ҳама баланди Тоҷикистон – 26 имтиёз – дар гузориши соли 2015, замоне буд, ки писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ба мақоми раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия таъйин шуд. Вале баҳои аз ҳама паст – 21 имтиёз  – ва  зинаи 161, яъне дар бистгонаи кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон насиби Тоҷикистон дар соли 2017 шуд. Соле ки Рустами Эмомалӣ аз Агентии мубориза бо коррупсия рафт ва 13 афсари баландпояи ин ниҳод бо ҷурми ришвахӯрӣ ва ҷиноятҳои дигари коррупсионӣ боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд.

Тоҷикистон коррупсияро як мониаи умда дар роҳи рушди кишвар ва ҳатто таҳдид ба амнияти мллиаш меномад ва барои мубориза бо он ҳанӯз соли 2007 агентии алоҳидаи мубориза бо коррупсияро ташкил кардааст. Вале мунтақидон мегӯянд, муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо коррупсия бо боздошти “моҳичаҳои хурд” –е, чун кормандони ҷамоату комиссариатҳои ҳарбӣ ва муаллимону заминсозон маҳдуд шуда, касе ба “наҳангҳои бузург” –е, ки аксараш таҳти ҳимояти нафарони пурнуфуз аз раддаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, кор намегирад.

Аз кишварҳои дигари минтақа дар раддабандии созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” мавқеи аз ҳама баланд – зинаи 102-юмро бо 37 имтиёз Қазоқистон ба даст оварда, Ӯзбекистон бо 28 имтиёз дар зинаи 140 ва Қирғизистон бо 26 имтиёз дар зинаи 144-ум қарор гирифтаанд. Аз Тоҷикистон пойинтар танҳо Туркманистон қарор дорад, ки дар раддабандии созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” ҳамагӣ 19 имтиёз ва зинаи 169-умро ба даст овардааст. Русия бо 29 имтиёз дар ин раддабандӣ дар зинаи 136-ум гузошта шудааст.

Бо вуҷуди мавқеи нисбатан баландаш, муаллифони гузориш эътирозҳои ахир ба зидди нархи сӯзишворӣ, коррупсия ва нобаробарӣ дар Қазоқистонро низ ёдовар шуда, зикр кардаанд, ки мақомоти ин кишвар дар арсаи мубориза бо коррупсия ба хонаводаи раисиҷумҳури собиқ Нурсултон Назарбоев кордор намешаванд.

Дар раддабандии созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” Дания, Зеландияи нав ва Финляндия  бо 88 имтиёз аз 100 имтиёзи мумкин кишварҳои аз коррупсия поктарини дунё эълон шуданд. Ба даҳгонаи кишварҳои поктарин ҳамчунин  Норвегия ва Сингапур  ( 85 имтиёзӣ), Швейтсария (84), Ҳолланд (82), Люксембург (81) ва Олмон (80 имтиёз) шомил шудаанд. Зинаҳои аз ҳама поёни ин раддабандиро  Сурия, Сомалӣ ва Судони ҷанубӣ ишғол кардаанд, ки аз 100 имтиёзи мумкин ҳамагӣ 13 имтиёз ба даст овардаанд. Дар байни кишварҳои фасодзадатарини дунё ҳамчунин  Венесуэла  бо 14 имтиёз, ҳамчунин Яман, Кореяи шимолӣ ва Афғонистон, ки ҳамагӣ 16имтиёзӣ доранд, ҷой гирифтаанд.

Дар гузориш ин нукта таъкид шудааст, ки кишварҳои аз коррупсия поктарин ҳама кишварҳои соҳиби низоми демократианд ва баракс кишварҳои аз ҳама фасодзадатарин ҳамон давлатҳоеянд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои мардумро поймол мекунанд.

Даниэл Эрикссон, намояндаи котиботи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” дар ин робита гуфт: “Ҳар қадар ки ҳуқуқи озодиҳо поймол ва демократия зери по карда шавад, низомҳои худкома қувват мегиранд ва ба рушду нумӯи боз ҳам бештари коррупсия роҳ мекушоянд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button