ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ПОЁНИ ДАВРОНИ “ПЕШВО”? ҚУДОИ ДУХТАРИ НАЗАРБОЕВРО АЗ МАНСАБ ОЗОД КАРДАНД

Тавре ба назар мерасад, хешу табори президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев паиҳам аз мансабҳои калидӣ дар ин кишвар маҳрум гашта истодаанд.

Рӯзи 25 январ президенти кунунии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев  Берик Имашеви 61-сола, қудои духтари Назарбоевро ро а мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот барканор ва билофосила ба ҷои ӯ сенатори ҳамакнун собиқ Нурлан Абдировро таъйин кард.

Берик Имашев аз соли 2016 роҳбарии Комиссияи марказии интихоботро дар даст дошт. Ӯ аз аъзои собиқадори ҳукумати Назарбоев буда, қаблан чандин сол вазири адлия, муовини раиси дастгоҳи президент, мушовири президент, котиби Шӯрои амният ва вакили Сенат буд.

Имашев қудои Дориға Назарбоева, духтари калонии президенти собиқ аст. Нуралӣ Алиев, писари калонии Дориға ба Аида, духтари Берик Имашев издивоҷ кардааст.

Замони интихоботи парлумонии соли 2021 Комиссияи марказии интихобот бо нашри як изҳороти вижа гуфта буд, дар роҳбарии ин ниҳод кор кардани Имашев дар шароите, ки қудояш Дориға Назарбоева номзад ба вакилии парлумон аст, ҳеҷ мухолифате бо қонун надорад.

Имашев дар ҳоле тарки мақом кард, ки ба бовари нозирони умур, дар Қазоқистон байни тарафдорони президентҳои қаблӣ ва кунунӣ Назарбоев ва Тоқаев муборизаи шадиде барои тақсими қудрат ҷараён дорад. Ин муборизаҳо бахусус баъди эътирозҳои хунини аввали моҳи январ дар Қазоқистон, ки беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт, шиддат гирифтанд ва ошкортар шуданд.

Рӯзи 18 январ Назарбоев дар ягона паёми видеоияш баъди ҳаводиси ахир кӯшиш кард худро орому хунсард нишон диҳад ва исрор меварзид, ки байни ӯву Тоқаев ихтилофе вуҷуд надорад.

Вале тавре ба назар мерасад, талотуми таҳаввулот дигар ба гунае нест, ки раҳбари собиқи Қазоқистон мехоҳад тасвир ё тасаввур кунад.

Дар ҷараёни эътирозҳо як шиори асосии мардум “Шал, кет!” (“Мӯсафед, бирав!”) буд, ки манзурашон комилан аз қудрат рафтани Назарбоев буд. Дар он рӯзҳо эътирозгарон ҳатто ба гардани ҳайкали Назарбоев дар шаҳри ТалдиҚӯрғон сим баста, онро аз бех канданд.

Ҳамчунин, сарвазири собиқ Карим Масимов, ки солҳои охир раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд ва аз ёрони наздики Назарбоев ба шумор меравад, бо ду муовинаш бо иттиҳоми сангини хиёнат ба давлат ва кӯшиши ғасби базӯрии ҳукумат ба ҳабс гирифта шуда, ҷияни худи Назарбоев Самат Абиш, ки муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва “чашму гӯши Назарбоев” дар мақомоти қудратии Қазоқистон буд, рӯзи 17 январ бо амри Тоқаев аз вазифа озод карда шуд. Ҳамин тавр, ҳамаи се домоди Назарбоев: Димаш Косанов, Кайрат Шарипбаев ва Тимур Қулибоев, ки бо беш аз 6 миллиард доллар дороии худашу занаш Динора аз сарватмандтарин миллиардерҳои Қазоқистон дониста мешавад, аз мақомҳои раҳбарии ширкатҳои “Қазоқгаз”, “Қазтрансойл” ва Палатаи миллии соҳибкорон “пеш аз муҳлат” ва гӯё “бо хоҳиши худашон” барканор карда шуданд.

Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1989 бар Қазоқистон раҳбарӣ мекард, моҳи марти соли 2019 расман мақоми президентиашро ба Тоқаев супурд, вале аз паси парда ҳамчун “Елбасӣ” (“Пешвои миллат”), раиси Шӯрои амният ва раҳбари ҳизби ҳоким ҳамчунон умури раёсати кишварро дар дастони худ нигоҳ дошта, Тоқаевро амалан ба як навъ президенти намоишӣ табдил дода буд.

Вале нозирони умур бар инанд, ки эътирозҳои ахир нуқтаи оғози поёни даврони Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button