ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

НА МЕТРО КОР МЕКАРД, НА СВЕТОФОР… СЕ КИШВАРИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БЕ БАРҚ МОНД

Рӯзи 25 январ бар асари садама дар Шабакаи умумии нирӯи барқи Осиёи Марказӣ тақрибан ҳамаи қаламрави Қирғизистон, ҳамчунин манотиқи зиёде дар Ӯзбекистону Қазоқистон, аз ҷумла шаҳрҳои бузурге, чун Тошканду АлмаАто аз нирӯи барқ чанд соат маҳрум шуданд.  Дар Тошканд ҳатто метро аз кор баромад ва фурудгоҳҳои Ӯзбекистон кори худро боздоштанд. Дар Бишкек интиқоли об ҳам қатъ шуд ва светофорҳо аз кор монданд. Дар АлмаАто ҳарчанд метро кор мекард, вале троллейбусҳо ва қаторҳои роҳи оҳан аз ҳаракат монданд. Ин садама ба Тоҷикистон таъсир нарасонд, чунки ин кишвар тоза дар марҳалаи бозгашт ба Шабакаи умумии нирӯи барқи Осиёи Марказӣ қарор дорад ва ҳанӯз пурра ба он шомил нашудааст.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон дар шарҳи ин садама гуфт, интиқоли нирӯи барқ дар кишвар ба далели сӯитавозуни бавуҷудомада дар шабакаҳои барқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон қатъ гардидааст. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон баракс садама дар ҳудуди Қазоқистонро далел овард. Вазорати энергетикаи Қирғизистон гуфт, интиқоли барқ дар тамоми ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ қатъ шудааст.

Дар Бишкек интиқоли оби сард қатъ шуда, светофорҳо аз кор баромаданд ва ҳаракат дар роҳҳоро ба таври дастӣ танзим мекарданд.

Дар Тошканд метро аз ҳаракат монду светофорҳо низ кор намекарданд, алоқаи мобил низ дучори мушкил шуда буд. Хадамоти матбуоти Uzbekistan Airports гуфт, тамоми фурудгоҳҳои ин кишвар ба далели бебарқӣ муваққатан кори худро қатъ карданд, чунки мусофирон наметавонистанд аз тафтиш гузаранд. Бархе ҳавопаймоҳо маҷбур шуданд дар фурудгоҳҳои эҳтиётӣ фуруд оянд. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон гуфт, ба далели садама вилоятҳои Фарғона, Навоӣ, Андиҷон, Намангон, Қашқадарё, Самарқанд, Ҷиззах ва Тошканд бебарқ мондаанд.

Дар АлматАто ба далели қатъ шудани  интиқоли барқ троллейбусҳо ва бархе қаторҳои роҳи оҳан аз кор монданд ва алоқаи мобил низ дучори мушкил шуд, вале метро ва автобусҳо кор мекарданд. Бемористонҳо бо нирӯи барқ таъмин будаанд.

Мушкили бебарқӣ дар ин 3 кишвар тақрибан аз соати 11 сар шуд ва танҳо дар нимаи дуюми рӯз мақомот эълон карданд, ки мушкил рафъ шуда истодааст ва интиқоли нирӯи барқ батадриҷ барқарор карда мешавад.

Чунин як садамаи бузург дар Шабакаи умумии нирӯи барқи Осиёи Марказӣ 12 январи соли 2013 низ рӯй дода буд. Он вақт бисёре аз шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон чанд рӯз бе нирӯи барқ монда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button