ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАК ВА ЯК МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМА ДАР ФАРХОР ВА ВАХШ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ду садамаи марговар дар ҷануби ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, шаби 23 январ, тахминан соати 22:30, ронандаи мошини тамғаи “Дэу-Сиело”, Табаров Самариддин Ғайратович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Маҳсиддинов Бобоҷон Зайниддинович, соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама, мусофири «Опел-Вектра» Валиева Нигина Асоевна, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе ва фарзанди хурдсоли ронандаи “Опел” Маҳсиддинов Юсуфҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Муттаассифона, хурдсол Маҳсиддинов Ю.Б. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин,  рӯзи 24 январ, тахминан соати 12:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра” Умаров Шермуҳамад Тангриқулович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи зикргардида аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Форланд», таҳти идораи ронанда, Ғоибов Тоҷиддин Мизробович, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири «Опел-Вектра» Абдураҳмонов Сайфуддин Куганович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ду ҳодиса идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button