ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ НАВРАС ДАР АШТ БАРОИ ДУЗДИИ 4 ХАЛТА ЗАРДОЛУИ ХУШК

Марди 27-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ судшудаи сокини шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 22 январ мошини «Ҳонда СР»-исокини 52-солаи Ҳуҷандро 105 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта, вале ба соҳиби мошин то имрӯз танҳо 44 ҳазор сомонӣ пули мошинро додаасту халос.

ххххххххххх

Зани 31-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли 2018 аз зани 52-солаи сокини Душанбеба маблағи 34 ҳазору 290 доллар ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

хххххх

Ду ноболиғи 16 ва 17-сола дар ноҳияи Ашт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 11 декабр аз хонаи сокини 60-солаи ин ноҳия 3 таҷҳизоти барқӣ ва 4 халта меваи хушки зардолуро дуздидаанд.

хххххххххххх

Сокини 27-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки дар аввали моши январ аз хонаи марди 59-солаи сокини ҳамин ноҳия 2 дастбанди тиллоиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт

008

Нисбати марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст аз тарафи кормандони ШВКД-и ҳамин шаҳр парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони содир намудани ҷинояти қалобӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда, 22-юми январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳуҷанд даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Хонда СР»-ро ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, 44 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 61 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 34 ҳазору 290 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо роҳи дуздӣ тасарруф намудани амволи ғайр

14Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза марди 60-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми декабри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3-адад таҷҳизоти барқӣ ва 4 халта меваи зардолуро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 59-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи январи соли 2022 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад дастбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 27-солаи сокини ноҳияи зикргардида ҳамчун гамонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button