ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАСТ ДОШТАН ДАР ҒОРАТИ 100 МИЛЛИОН РУБЛИ ЗАВҶАИ ГРАДСКИЙ (ВИДЕО)

Умедҷон Ҷабборов, санаи таваллудаш 7 июли соли 1994, зодаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон, дар 07.07.1994 г.р., дар Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар қазияи пурсарусадои ғорати 100 миллион рубли Марина Коташенко, завҷаи овозхони марҳуми рус Александр Градский дастгир шудааст.

Дар ин бора хабаргузории русии РИА Новости бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нашри акси ориентировкаи Умедҷон Ҷабборов хабар дод.

Гуфта мешавад, Умедҷон Ҷабборов, ки қаблан барои додани пора суд шуда, аз 22 январ барои ҳамла ба завҷаи Градский дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошт, тавассути барномаи шиносии қиёфаҳо ба даст афтод. “Камераҳои назоратӣ қиёфаи ӯро дар истогоҳи метрои “Менделеевская” сабт карданд”, –  хабар додаст манбаи РИА Новости.  Бино ба иттилои ин манбаъ, “Умедҷон Ҷабборов аз соли 2011 дар Маскав зиндагӣ мекард, вале расман дар ягон ҷо кор намекардааст.”

Умедҷон Ҷабборов инак дуюмин зодаи Тоҷикистон аст, ки дар чорчӯби парвандаи ғорати пулҳои завҷаи Градский дастгир мешавад. Пулиси Русия рӯзи 23 январ шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон Ромиз А.-ро дастгир кард, вале баъди бозпурсӣ ӯро ҷавоб дод. Телефони ӯ дар наздикии маҳалли ҳамла қарор доштааст, вале Ромиз исбот кардааст, ки телефонашро он рӯз ба як хешаш дода буд ва худаш дар як ҷои тамоман дигар ва дур қарор дошт.

Расонаҳои Русия бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот хабар медиҳанд, ки зоҳиран яке аз се ғоратгаре, ки пулҳои завҷаи Градскийро ба яғмо бурданд, бародари Ромиз аст, ки як рӯз баъди он ҳамла мошини “Тойота” харида, аз Русия ба Қазоқистон фирор кардааст.  Роҳҳои асосии заминӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз тариқи Қазоқистон мегузаранд ва аз эҳтимол дур нест, ки ӯ алакай ба Тоҷикистон расида бошад.

Ёдовар мешавем, Марина Косташенко қаблан ба пулис хабар дод, ки рӯзи 16 январ дар роҳ дар ҳудуди ноҳияи Наро-Фомински вилояти Маскав се марди мусаллаҳ барқасдона садама ташкил карда, ба мошини ӯ нишастанд ва маҷбураш карданд, ки ба хонааш баргашта, 100 миллион рубл пули нақдеро, ки дар хона дошт, бароварда, ба онҳо диҳад.  Ғоратгарон сипас Косташенкоро маҷбур кардаанд, ки онҳоро бо мошинаш то Апрелёвка барад. Дар инҷо яғмогарон аз мошини ӯ фаромада, ба як мошини дигар нишастаанд, вале қабл аз фирор 5 миллион рубли Коташенкоро ба ӯ баргардонда, “маслиҳат” додаанд, ки “ бо ин пул чӣ хеле ки дилаш мехоҳад, зиндагӣ кунад.”

Пулис мошинеро, ки яғмогарон бо он фирор карданд, хеле зуд дар ноҳияи Соколникии шаҳри Маскав пайдо кард. Мошин ба исми Халлоқов ном сокини вилояти Твер сабт шуда буд. Вале ӯ баёнот дод, ки ин мошинро кайҳо бо боварихат ба Умед Ҷабборов ном шаҳрванди Тоҷикистон фурӯхтааст. Ҷабборов ба навбати худ қаблан баёнот додааст, ки мошинро ба як ҳамватанаш фурӯхтааст. Гумон меравад, ки ин харидори ахир ҳамон бародари Ромиз А. бошад.

Дар ҳамин ҳол, хоҳари Александр Градский иддаои келинашон дар бораи ғорат шуданашро зери шубҳа гузоштааст. Ӯ гуфтааст, Марина Косташенко ҳанӯз расман вориси пулу моли Градский нашудааст ва метавонист ин ғоратгариро вонамуд кунад, то ки шонаи худро аз масъулияти тақсими мерос бо дигар ворисони Градский халос кунад.

Александр Градский, овозхон ва оҳангсози шинохтаи рус, рӯзи  28 ноябри соли 2021 дар синни 72 аз олам чашм пӯшид. Ӯ 17 соли охир бо модели украинӣ Косташенко зиндагӣ мекард ва онҳо ду фарзанд ҳам доштанд. Вале ақди никоҳи Градский бо ҳамсари ҷавонаш ҳамагӣ як моҳ пеш аз марги овозхон расман сабт шудааст, ки ин ҳам ба оташи шакку шубҳаи хешовандони дигари Градский ба фарзияи ғорати 100 миллион рубли Косташенко равғани бештар мерезад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button