АфғонистонВидеоСиёсат

АШРАФ ҒАНӢ ДАР ИМОРОТ ДУЧОРИ САКТАИ МАҒЗӢ ШУДААСТ

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, ки баъди фирораш аз кишвар дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебарад, рӯзи 24 январ дар манзилаш дар пойтахти Иморот,шаҳри Абӯ Забӣ  дучори сактаи мағзӣ шудааст. Ба гуфтаи манобеи огоҳ дар Иморот,  Ашраф Ғаниро дар ҳолати вазнин ба бемористони Шайх Зоҳид овардаанд ва ӯ ҳоло дар шуъбаи эҳёи ин бемористон таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

Иттилои аз ин бештаре дар бораи бемории Ашраф Ғании 72-сола ва вазъи кунунии саломатиаш дар ҳоли ҳозир дастрас нест.

Ашраф Ғанӣ, ки дар интихоботҳои баҳсбарангези солҳои 2014 ва 2019 бар рақиби асосиаш доктор Абдуллоҳ ғолиб эълон шуда, тақрибан 7 сол президенти Афғонистон буд, 15 августи соли 2021 пойтахти кишвараш, шаҳри Кобулро бидуни ҷанг ба ҷангҷӯёни ҷунбиши тундрави Толибон супурда, аз кишвар фирор кард. Гуфта мешуд, ки чархболҳои ҳомили Ашраф Ғанӣ ва атрофиёнаш аввал кӯшиш кардаанд, ки дар фурудгоҳи Бохтари Тоҷикистон пойин шаванд, вале вақте ки ба онҳо иҷозати дар Тоҷикистон нишастан надоданд, ба Ӯзбекистон рафта, дар фурудгоҳи Тирмиз нишастанд. Ашраф Ғанӣ аз Ӯзбекистон сипас ба Дубай парвоз кард.

Сафорати Русия дар Афғонистон он вақт гуфт, ки Ғанӣ ва атрофиёнаш бо 4 чархболи пур аз пул тарки Кобул кардаанд. Як намояндаи сафорати Русия гуфт, пули ба фурудгоҳ овардаи онҳо он қадар зиёд буд, ки дар чархболҳо нагунҷид ва чандин халта пулро онҳо дар майдони ҳавоӣ партофтаанд. Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе хабар дод, км Ашраф Ғанӣ қабл аз фирораш 169 миллион доллар пули нақдро аз хазинаи давлат бо худ гирифта, ба яғмо бурдааст.

Ашраф Ғанӣ чанд дафъа ин иддаоро рад кард ва гуфт, вақти фирор ҳатто фурсати иваз кардани попӯшиҳояшро пайдо накарда, чавкии хонапӯшӣ дар пойҳояш фирор кардааст.

Вале ин иддаои ӯро бархе аз афроди наздикаш рад карданд ва гуфтанд, Ашраф Ғанӣ аз чанд рӯзи пеш барои фирор омодагӣ мегирифт.

Баъди фирори Ғанӣ урдуи давлатии Афғонистон Кобулро ҳам ба Толибон супурд ва ин гуруҳи тундрав қудратро ба даст гирифта, таъсиси дубораи “Аморати исломии Афғонистон”-ро эълон кард. Бисёриҳо Ашраф Ғанӣ ва атрофиёни ӯро ба чунин зуд ва беҷанг супурдани ҳукумат ба Толибон айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button