ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР РӮЗҲОИ СОЛИ НАВ ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ХЕЛЕ САРД ХОҲАД ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  ба самъи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба пешбинии Агентии ҳавошиносӣ, рӯзҳои наздик дар аксари ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон ҳаво то 10-15 дараҷа  сард хоҳад шуд. Интизор меравад, дар бархе манотиқи кӯҳистонӣ ҳаво то 17-22 дараҷа сард шуда,  дар ноҳияҳои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво то  25-30 дараҷа ва дар бархе гӯшаҳои ин минтақа то 33-38 дараҷа сард шуда, сардии ҳаво дар мавзеи Булункӯл ҳатто то 48-50  дараҷа бирасад. Ба ин тартиб, бино ба пешбинии ҳавошиносон, соли нави 2022 ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо як ҳавои хеле сард ворид мешавад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандоне, ки др навозии кӯҳистон ва кӯҳдоман зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм кардани хонаҳояшон қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя кунанд, миқдори аз ҳад зиёди дастгоҳҳои барқиро ба шабакаи нирӯи барқ васл накунанд. Аз сокинон хоста шудааст, ки тирезаҳои хонаҳои худро чӣ қадар метавонанд хуб маҳкам кунанд ва гармиро дар хонаҳояшон ба ин васила ҳифз кунанд. Ҳангоми истифода аз печка ё бухориҳое, ки бо ангишт истифода бурда мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми истифодаи онҳо хеле боэҳтиёт бошанд, нигоҳубини бухорирҳоро ба кӯдакон вогузор накунанд ва  дудбароҳоро як бори дигар тафтиш кунанд.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб дар соатҳои бомдодӣ ва шомгоҳӣ эҳтимоли зиёди  яхбандӣ ва дар бархе қисматҳо ҳатто ҷамъ шудани тӯдаи барф вуҷуд дошта, хатари фаромадани тармаҳо низ хеле зиёд аст.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагоне, ки ба роҳ мебароянд, чунин тавсияҳо медиҳад:

-мошини худро тафтиш кунед, ки ягон нуқс надошта бошад;

-чархҳои зимистона часпонед, мошинҳои боркашро бошад бо занҷирҳои зидди лағжиш, лампаҳо, гармкунаки капоту панҷараи радиатор такмил карда, шабакаи гармидиҳиашро тафтиш кунед, ки ягон нуқс надошта бошад;

-бо худ дар бордон либоси гарм, фонус, белча, трос барои буксир, як канистраи иловагӣ бо сӯзишворӣ, гӯгирд ва термос бо оби ҷӯшонидашуда бигиред;

-аптечкаи дорувори мошинро нав кунед;

-дар мавзеъҳои пурмошин, дар назбди мактабҳо, дар чорроҳаҳову пулҳо ва ҳамчунин дар гардишу нишебиҳо бо суръати чунон паст  ҳаракат кунед, ки бехатарии ҳаракатро таъмин карда битавонед;

 -ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон фосилаи хеле зиёдтар аз маъмулиро нигоҳ бидоед, чунки фосилаи тормоз дар роҳҳои лағжонак хеле зиёдтар мешавад;

– аз манёврҳои сахт худдорӣ кунед;

-агар мошинатонро бо назардошти обуҳаво омода накарда бошед ваё таҷрибаи ронандагиатон кам бошад, беҳтар аст, ки аз сафар худдорӣ кунед;

-тавсияҳои ВКД ва КҲФ дар бораи маҳдуд кардани ҳаракат дар бархе қитъаҳи роҳ ҳангоми эҳтимоли фаромадани тарма ё сангрезро риоя кунед;

– ҳаракатро дар соатҳои шабона маҳдуд кунед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон бо исрор хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурати оҷил сафарҳояшон бо роҳҳои кӯҳистонро маҳдуд карда, аз рафтан ба мошидорӣ, шикор ваё барои ғунучини ҳезум ба кӯҳсор худдорӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button