ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ 53-СОЛАИ ИСФАРА БАРОИ МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ

Нисбат ба марди 53-солаи сокини шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 декабр хабар дод, ки ин сокини солманди Исфара шаби 27-уми декабри соли 2021, тахминан соати 19:35, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2-маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона Тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Ба сокини дастгиршудаи Исфара бар асоси қисми якуми моддаи 110 ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Танҳо рӯзи 27 декабр мақомоти ВКД Тоҷикистон ду марди солхӯрдаро бо иттиҳоми кордзанӣ боздошт кардаанд.

ВКД қаблан хабар дод, ки як марди 71-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 27-уми декабри 2021, тахминан соати 14:30, дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button