ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ ДАР ПОЙТАХТ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2021, марди 26-сола бо ҳамроҳии ҳамрсараш зани 30-солаи сокинони шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд ҳолат аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ҷамъ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ гирифта, як ҳуҷҷати манзили истиқоматии сохтмонаш нотамомро ба гарав гузошта ва то ҳол маблағашро бар нагардонидаанд.
Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 42-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 2-юми августи соли 2021, зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11 ҳазор сомонӣ ва 200 грамм ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо номбурда, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 86 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.