ВидеоИқтисод

ИФТИТОҲИ НАХУСТИН ТАРАБХОНАИ АМРИКОИИ KFC ДАР ДУШАНБЕ (7 АКС)

Рӯзи 16 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC баргузор шуд. Ин тарабхона дар маркази пойтахти Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ, 33а ҷойгир шудааст ва дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он намояндагони шаҳрдории пойтахт ва мақомоти ноҳияи Шоҳмансур  таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода  иштирок кардаанд, – хабар дод сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе.

Бар асоси иттилои масъулинаш, дар ин тарабхона айни замон зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар оянда дар назар даст, ки дар Маркази савдои Душанбе Молл ва Маркази савдои Сиёма Молл  низ филиалҳои дигари ин  бренди машҳур ифтитоҳ гардад ва дар умум беш аз 300 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин кунад.

Маросими ифтитоҳи тарабхонаи KFC дар маркази Душанбе дар ҳоле баргузор гардид, ки ин тарабхона тақрибан як мош боз ба хотири ба муштариён ошно карданаш алакай фаъолият дошт ва рӯзҳои аввал барои чашидани таомҳояш навбатҳои бузурге мушоҳида мешуд.

KFC як занҷираи байналмилалии хӯрокпазист, ки асосан  бо таҳияи хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғ дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Идораи марказии ширкат дар  шаҳри Луисвилли аёлати Кентаккии Америка ҷойгир аст.  Асосгузори ин бренд Харланд Сандерс мебошад, ки ин тарабхонаро бори аввал соли 1952 дар синни 62-солагиаш дар штати Ютаи ИМА ифтитоҳ намудааст. Дар ҳоли ҳозир, дар 130 кишвари дунё зиёда аз 21 ҳазор филиали тарабхонаи бренди KFC фаъолият менамоянд ва он аз лиҳози шумори ошхонаҳову муштариёнаш дувумин тарабхонаи аз ҳама  бузурги дунё дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button