ВидеоИқтисодМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ ЯК ТОННА ҚАНДУ ҚАНДАЛОТ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Марзбонони қирғиз рӯзи 20 ноябр дар марзи ноҳияи Лайлак бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи беш аз як тонна қанду қандалот (конфета) пешгирӣ кардаанд. Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, қочоқбар: шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон ба амри манъ кардани мошини “Мерседес Спринтер”-аш итоат накардааст ва марзбонҳо маҷбур шудаанд, ки барои манъ кардани ӯ тир кушоянд. Ронанда барои беш аз як тонна қанде, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дароварданӣ буд, ягон ҳуҷҷат надоштааст. Қирғизистон  марзаш бо Тоҷикистонро аз моҳи май бастааст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли молу колоро тавассути марзҳояш бо ин кишвари ҳамсоя сахт маҳдуд кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, марзбонҳои қирғиз рӯзи 20 ноябр як мошини тамғаи “Мерседес Спринтер”-ро дар роҳи Марғун – Арқа дар ҳудуди ноҳияи Лайлак манъ кардаанд. Вале ронандаи мошин: шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон ба амри марзбонҳо ироат накарда, бо суръати баланд аз назди марзбонҳо гузашта, фирор карданӣ шудааст.

Марзбонҳо маҷбур шудаанд, ки аввал ба ҳаво ва сипас ба сӯи чархҳои мошин тир кушоянд ва онро манъ кунанд. Ҳангоми кофтуков аз бордони мошин беш аз як тонна қанду қандалот пайдо кардаанд. Ронанда, ки ин борро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон меовард, барои ин маҳсулот ягон ҳуҷҷат надоштааст.  Баъди тартиб додани протокол ронандаро боздошт карда,  мошинашро бо маҳсулоти қочоқӣ барои тафтишоти минбаъда аз вай гирифтаанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи он муноқишаи хунини охири моҳи апрел марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад. Ҳарчанд баҳонаи расмии бастани марз пандемияи коронавирус гуфта мешуд, вале мақомоти баландпояи Қирғизистон чандин бор гуфтаанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди мушкилоти мавҷудаи марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя боз хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button