ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ ЯК ҶАВОН ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ БО ХУД ГАРДОНИДАНИ КОРДУ ДУБИНКА

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе хабар дод, ки ахиран дар ҷараёни як амалиёт шаҳрванд Ҳоҷии Талбак, санаи таваллудаш 1.01.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дастгир карда шуда, аз ӯ як адад корд ва дубинкаи худсохти оҳанин мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳоҷии Талбак протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ ӯ ба муҳлати 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ андохта шудааст.

Мақомоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон инак 3 сол боз дар Душанбе амалиёти “Корд” мегузаронанд. Мақомот мегӯянд, ин амалиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд ва ҳоло шумораи онҳое, ки дар пойтахт бо худ корд ё дигар навъҳои силоҳи сард мегардонанд, ва ҳамин тавр шумораи ҷиноятҳо бо истифода аз чунин силоҳҳо хеле кам шудааст. Вале мисоли Ҳоҷии Талбак нишон медиҳад, ки чунин ҳолатҳо то ҳол ҷой доранд.

Роҳбарони милитсияи Душанбе аз тамоми калонсолон, падару модарон, масъулини мақомоти дар тарбияи ноболиғон манфиатдор ва омӯзгорон хостаанд, ки назорат ва таълиму тарбияро нисбати фарзандони худ пурзӯр намуда, нагузоранд то наврасону ноболиғон корду дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонида, даст ба амалу кирдори ношоиста зананд. Ба ақидаи мақомоти милитсия, таҷрибаи тафтишотӣ  нишон медиҳад, ки дар сурати бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва пайдо гардидани оддитарин баҳсу муноқиша оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто то ба куштор оварда мерасонад.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button