ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
ҚАСДАН РАСОНДАНИ ЗАРАРИ ВАЗНИН БА САЛОМАТӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нисбат ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Бино ба фарзияи мақомот, ин мард шаби 8-уми июли соли 2021, тахминан соати 00:05-дақиқа, дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газнефт», воқеъ дар ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд як маротиба ба шиками ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Ба марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 110 ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.