АфғонистонВидеоТоҷикистон

БОЗДОШТИ “ХУРШЕДИ ГЕНЕРАЛ” ВА МУОВИНИ САРДОРИ МИЛИСАИ ҲАМАДОНӢ БО 30 КГ ҲЕРОИН

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” мегӯянд, тақрибан ду ҳафта пеш чанд сокини ноҳияҳои бо Афғонистон ҳаммарзи Фархор ва Ҳамадонӣ ба раҳбарии Хуршед, маъруф бо лақаби “Хуршеди Генерал”, бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир дастгир карда шуданд. Дар байни боздоштшудаҳо як афсари баландпояи милиса – муовини сардори ШВКД ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Неъматулло Маҳмудов низ будааст.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, ҳангоми боздошт аз ин гуруҳи қочоқбар беш аз 30 кило ҳероин ёфт ва мусодира кардаанд. Тафсилоти дигари ин боздоштҳо ҳанӯз дастрас нест.

“Хуршеди Генерал” як сокини ноҳияи Фархор аст, ки расман дар ягон ҷо кор намекард ва ягон мақоми расмӣ надошт, вале гуфта мешавад, дар ин минтақа аз нуфузи муайяне бархӯрдор буд.

Неъматулло Маҳмудов бародари полковник Шамсулло Маҳмудзода, як афсари собиқадор ва баландпояи милисаи Тоҷикистон аст, ки солҳои зиёд сардори шуъбаҳои милисаи шаҳрҳои Исфара ва Истаравшани вилояти Суғд буд ва аз онҷо ба роҳбарии шуъбаи милисаи ноҳияи Панҷ фиристода шуд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ахиран аз мусодираи 500 кило маводи мухаддир аз як гуруҳи қочобар хабар дод, ки дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон чунин натиҷаи корӣ бесобиқа ва рекордӣ дониста мешавад. Ин миқдори мусодирашудаи маводи мухаддир дар бозори сиёҳ наздики 6 миллион доллар арзиш доштаст.

Дар натиҷаи амалиёти вижа 6 узви ин мафияи нашъаҷаллоб, аз ҷумла роҳбарашро дастгир карданд. Яке аз наркобаронҳо ҳатто … муаллими мактаб будааст. Милитсияи Душанбе гуфт, ин мафияи нашъаҷаллоб маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, аз ин ҷо то ба кишварҳои Аврупо қочоқ мекард. Танҳо молу мулки ҳабсшудаи раҳбари ин гуруҳ Азизулло Абдуллоев, маъруф ба “Азизи домсоз” беш аз 18 миллион сомонӣ баровард шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button