ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ: САЙФУЛЛОЗОДАРО ДАР ЗИНДОН ЯК УЗВИ ДАСТАИ РАҲМОН-ГИТЛЕР ЗАДААСТ

Вазорати адлияи Тоҷикистон  рӯзи 9 октябр бо нашри як баёнияи вижа дар сомонаи расмиаш овозаи шиканҷа шудани узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзодаро дар зиндони № 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия (маҳбаси нав дар Ваҳдат) “хабарҳои бардурӯғ” ва “иғвои маҳз” номида, гуфт, ин овоза асоси воқеӣ надорад.

Дар баёнияи вазорати адлия гуфта мешавад: “Санҷиши ҳолати мазкур нишон дод, ки 5-уми сентябри соли 2021 миёни маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии 3/1 Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон – Турсунов Аслиддин Қобилович, ки бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 181 (гаравгонгирӣ) ва 186 (бандитизм) аз озодӣ маҳрум гардидааст, дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст. Дар натиҷа Турсунов Аслиддин ба таҳқирҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.”

Вазорат меафзояд, ки маъмурияти зиндон бино бар вайрон кардани тартиботи дохилимуассисавӣ, худи ҳамон рӯз Турсунов Аслиддинро ҳамчун ҷазо ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ андохтааст. Вале, меафзояд вазорат, “муоинаи пешакии тиббӣ нишон дод, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накард.”

Ин дар ҳолест, ки духтари Сайфуллозода қаблан гуфт, аз зиндон ба онҳо занг зада, овардани доруҳои мушаххасро барои табобати ӯ баъди он латтукӯб дархост карда буданд.

Вазорат гуфт, “баъзе созмонҳои ифротӣ” аз ин “хабарҳои бардурӯғ”  ва “иғвои маҳз” доир ба гӯё шиканҷа шудани маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода сӯиистифода кардаанд.

Ҳикматулло Сайфулоллозода, ки 70 сол дорад ва дар гузашта сухангӯи ҲНИТ ва сардабири нашрияи расмиаш “Наҷот” буд, моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо як гуруҳи дигари роҳбарони ин ҳизб  бо иттиҳоми иштирок дар таҳияи ошӯби мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим дастгир ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. ҲНИТ даст доштанаш дар он ошӯбро рад мекунад ва ҳукми аъзояш бо ҷурми ҳамдастӣ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро беасос мешуморад.

Қалби Ҳикматулло Сайфуллозодаро моҳи июни соли ҷорӣ ҷарроҳӣ карданд ва ӯ чанд моҳи охир дар қисми тиббии зиндони Ваҳдат адои ҳукм мекард.

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) дар оғози моҳи сентябр аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки Ҳикматулло Сайфуллозодаро ба сабаби “дар хатар будани ҷонаш” афв кунад. Вале маҳбусони сиёсӣ ба афве, ки як моҳ пеш бахшида ба сисолагии истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд,  шомил нашуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button