Номаҳо ба президентНуқтаи назарТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

УМРИ ДУРӮҒ КӮТОҲ АСТ: ЯК ДУРӮҒИ ШОХДОРИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ОШКОР ШУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 29 август охирин омори расмии марбут ба вазъи пандемияи коронавирусро дар кишвар нашр кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати тандурустӣ, “давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 40 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 48 нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуд.” Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 29 август  дар кишвар 16 778 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 618 нафар (99,0%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд.

Аз ин омори расмӣ бармеояд, ки дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон: дар шароити хона ё бемористон ҳамагӣ …36 бемор аз коронавирус табобат мегиранд.

Ин ҳатто камтар аз 40 нафарест, ки ба коронавирус сироят шуданашон тоза ҳамин рӯзи 29 август ошкор шудааст. Чӣ, чанд нафари онҳоро табибон тавонистан дар байни ҳамагӣ чанд соат аз ин бемории вазнину марговар табобат кунанд ва ба хона ҷавоб диҳанд? Дар байни чанд соат ҳатто гриппи оддиро табобат кардан имкон надорад, чӣ расад ба коронавирус!

Ба ҳисоби миёна, табобати як бемори гирифтори коронавирус то ду ҳафтаро дар бар мегирад. Ҳолатҳои вазнине ҳам ҳаст, ки табобат то як моҳ ва гоҳо ҳатто то ду моҳ ҳам тӯл мекашад, вале барои бисёриҳо  ин беморӣ то ду ҳафта тӯл мекашад, ҳатто агар онро сабук гузаронанд.

Дар ду ҳафтаи охир, яъне аз 16 август ба ин тараф дар Тоҷикистон, тибқи омори расмии худи вазорати тандурустӣ, 657 ҳолати сирояти сокинон ба коронавирус ошкор шудааст. Ин 657 бемор оё куҷо шуданд, ки то шоми 29 август дар кишвар гӯё ҳамагӣ 36 бемор мондааст?

Ҳол онки боз ҳам тибқи омори расмии вазорати тандурустӣ, баъди 16 август дигар касе дар Тоҷикистон аз коронавирус ҷон набохтааст. Пас бояд шифо ёфта бошанд? Вале ин чӣ усули табобатест дар Тоҷикистон беморони COVID-19 гӯё баъди ҳамагӣ чанд соат ҳама ба по мехезанду, ба таъбири вазорат”, “солим гардонида мешаванд”? Агар чунин усулро кашф карда бошед, пас офаринатон! Бояд билофосила аз тариқи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тамоми дунёро хабардор кунед, ки ҳама кишварҳои дунё аз ҷаври пандемия раҳо шаванд!

Вале агар ҷиддӣ нигарем, ҳеҷ усули инқилобии табобати коронавирусро, албатта, касе то ҳол кашф накардааст. На дар Тоҷикистон ва на дар ҳеҷ кишвари дигари дунё.

Ва он ки дар Тоҷикистон беморони коронавирус дар байни ҳамагӣ чанд “солим гардонида мешаванд”, боз як хокпошии вазорати тандурустӣ ба чашми давлат ва ҷомиа аст ва он ҳам бо мақсади дар остонаи ҷашни истиқлолият ҳисобот додан, ки гӯё коронавирус дар Тоҷикистон боз пурра маҳв карда шуд ва ягон бемор намонд.

Ба ин мақсад вазорат аз 16 август ба ин сӯ ҳатто ягон мавриди марг аз коронавирусро расман тасдиқ намекунад. Ҳол онки танҳо дар ҳафтаи гузашта дар матбуот аз марги дастикам ду шахсияти шинохта: собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон Мӯсо Баротов ва Мушаррафи Ёсин, фарзанди журналисти шинохта Ёсин Назар ба иллати коронавирус хабарҳо нашр шуд.

Мо ин хокпошии вазорати тандурустирро аз аввали сол то 21 июн, дар тӯли қариб ним сол шоҳид шудем ва оқибаташро ҳам дидем, ки бо мавҷи азими пандемия дар кишвар ва марги даҳҳо нафар анҷом ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button