ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ХОНАРО БАРОИ ЧӢ ЧАПА КАРДЕД? БАҲСИ ТУНДИ СОКИНОН БО МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР (ВИДЕО)

Аз рӯзи 20 август ба ин сӯ як мавзӯи баҳси мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои чаппа кардани девори ҳавлии Хайринисо Саидова, сокини кӯчаи Шодӣ, 25 ва баҳси тундест, ки дар ин масъала байни сокинон ва муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур бархост.

ДДар видео дида мешавад, ки экскаватори ширкати “Асрор – С” бо вуҷуди эътирози сокинон девори хонаи Хайринисо Саидоваро чаппа мекунад. Сокинон пеши роҳи идомаи кори экскаваторро мегиранд ва як марди костюми расмӣ дар тан, ки худро муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур муаррифӣ мекунад, аз сокинон талаб мекунад, ки монеи иҷрои қарори давлат нашаванд ва наворгириро низ баҳс мекунанд. Мардум ин талаби ӯро рад мекунанд ва мегӯянд, “дар пешонаат навишта нашудааст, ки ту муовини раиси ноҳияӣ”. Муовин аз ин ҳарфҳо ба ғазаб омада, таҳдид мекунад, ки “ҳоло барои наворгириатон ҷавоб медиҳед!”

Вале сокинон мегӯянд, ки наворгирӣ ҳаққи қонуниашон аст ва аз таҳдид наметарсанд.

Бар асоси санадҳое, ки ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, девори хонаи Хайринисо Саидоварои барои ҳамагӣ 63 метри мураббаъ замини баҳсӣ, ки бино ба фарзияи мақомот, ӯ кадом замоне ба ҳавлии худ ҳамроҳ кардааст, чаппа кардаанд.

Аҷиб он аст, ки раёсати меъмории шаҳри Душанбе тоза рӯзи 10 августи соли 2021 қарор баровардааст, ки “хонаи истиқоматии шаҳрванд Саидова Хайринисо Шарифовна, воқеъ дар кӯчаи Шодӣ, №25, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти либери 3А I/хп, ки масоҳати зери сохтмонаш 108,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад, таҷзия ва вайрон карда шавад”. Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки  “зарари дар натиҷаи таҷзия ва вайрон кардани хона аз тарафи ҶДММ “Асрор – С” ҷуброн карда шавад.”

14 август прокурори ноҳияи Шоҳмансур дар бораи вайрон кардани иҳотадевори манзили Хайринисо Саидова амр мебарорад ва алакай 17 августи соли 2021 раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим қарор содир мекунад, ки “амри прокурор оид ба бартараф намудани иҳотадевор, ки аз ҷониби Саидова сохта шудааст, иҷро карда шавад” ва “қитъаи замини ғасбгардида дар масоҳати 63 метри мураббаъ ба ҳолати аввалааш баргардонда шавад.”

Худи ҳамон рӯз раиси ноҳияи номаи расмиеро ба номи соҳибмулк Саидова Хайринисо имзо кардааст, ки дар он аз вай талаб карда мешавад, ки қарори мақомот дар бораи вайрон кардани иҳотадевори хонаашро иҷро кунад.

“Мутобиқи бандҳои 1 ва 4 моддаи 80 Кодекси шаҳрсозии ҶТ, агар бино ва иншоот ё як қисми онҳо дорои нуқсоне бошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳдид кунанд ё ин ки дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда сохта шуда бошад, аз ҷониби соҳибмулк таҷзия ва вайрон карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, талаби банди 1 қарори зикргардидаро ба иҷро расонед. Дар ҳолати иҷро нагардидани қарори мазкур, талаботи банди 1 ба таври маҷбурӣ амалӣ карда мешавад”, гуфта мешавад дар номаи раиси ноҳияи Шоҳмансур.

Соҳибмулк бо қарори мақомот дар мавриди вайрон кардани девори хонааш розӣ набуд ва ба мақомоти болоӣ аз он шикоят бурда буд. Вале ба ӯ ҳатто барои талаби ҳаққи қонуниаш фурсат надоданд. Рӯзи 20 август, ҳамагӣ се рӯз баъди судури қарори раиси ноҳия, экскаваторро ҳамроҳи муовини раиси Шоҳмансур ба кӯчаи Шодӣ фиристоданд, то девори баҳсиро вайрон кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button