Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

НАМОЯНДАИ ТОҶИКҲОИ ПАНҶШЕР АМРУЛЛО СОЛЕҲ ХУДРО РАИСИҶУМҲУРИ АФҒОНИСТОН ЭЪЛОН КАРД

Амруллоҳ Солеҳ, намояндаи тоҷикони дараи Панҷшер ва аз ҳамсаффони Аҳмадшоҳи Масъуд, ки аз соли 2019 ноиби якуми президенти Афғонистон буд, шоми 17 август худро президенти ин кишвар эълон кард ва гуфт, бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати фирори раисиҷумҳур салоҳиятҳои ӯ ба ноиби аввалаш дода мешаванд.

Амруллоҳ Солеҳ, ки баъди фирори раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ба зодгоҳаш, дараи Панҷшер, ягона вилояти хориҷ аз назорати Толибон, паноҳ овард, дар як паёми кӯтоҳ дар Твиттер навишт: “Ба асоси ҳукми сареҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар сурати ғиёбат, фирор ваё марги раисиҷумҳур, муовини аввал ба шайси сарпарасти мақом раисиҷумҳур қарор мегирад. Ман дар дохили кишвар астам ва ба сурати қонунӣ ва машрӯъ сарпарсти ин мақом/курсӣ мебошам. Барои таҳкими ин ҷойгоҳ бо тамоми раҳбарони кишвар дар машварат астам.”

Ашраф Ғании 72-сола, ки аз соли 2014 раисиҷумҳури Афғонистон буд, рӯзи 15 август, дар пайи тасарруфи аксари шаҳрҳои бузурги кишвар аз ҷониби Толибон ва Кобулро муҳосира кардани онҳо, ба Уммон фирор кард.

Вале Амруллоҳ Солеҳ  изҳор дошт, ки тарки кишвар намекунад ва ба муқовимат алайҳи Толибон ҳамчунон давом хоҳад дод.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Амруллоҳ Солеҳ дар зодгоҳаш, дараи Панҷшер, паноҳ бурдааст. Ахиран аксе нашр шуд, ки Амруллоҳ Солеҳро дар канори фармондеҳони дигар дар хонаи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар Панҷшер нишон медиҳад.

Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки ҳеҷ кадом аз 7 вулусволиаш ба Толибон таслим нашудаастю. Тавре ба назар мерасад, маҳз дар Панҷшер, ки солҳои 90 пойгоҳи асосии Аҳмадшоҳи Масъуд барои муқовимат ба зидди Толибон буд, акнун таҳти раҳбарии писари ӯ Аҳмади Масъуд як ҷабҳаи нави муқовимат ба зидди Толибон дар ҳоли шаклгирист.

Хабаргузории русии РИА Новости шоми 17 август хабар дод, ки ҳудуди 10 ҳазор тан аз сарбозони таҳти фармони маршал Абдурашиди Дӯстума, роҳбари ӯзбекҳои Афғонистон ба тарафи Панҷшер раҳсипор шудаанд, то ба ин ҷабҳаи муқовимат бипайванданд. Худи Дӯстум ва Атомуҳаммади Нур, роҳбари тоҷикҳои Афғонистон, рӯзи 14 август, дар пайи ба Толибон таслим кардани Мазори Шариф ба Ӯзбекистон гурехтанд. Мақомоти Ӯзбекистон ба онҳо ва 82 тан аз ҳамроҳонашон иҷозати убур доданд, вале чанд ҳазор афсару аскари боқимондаро, ки дар рӯи пули Хайратон – Тирмиз ҷамъ шуда буданд, иҷозати гузаштан надоданд ва қафо гардонданд.

РИА Новости ҳамчунин хабар дод, ки нирӯҳои таҳти фармони Амруллоҳ Солеҳ рӯзи 17 август вулусволии Чорикори вилояти  бо Панҷшер ҳамсояи Парвонро аз дасти Толибон пас гирифтанд. Бахши аъзами аҳолии  Парвонро ҳазораҳо, ки пайрави мазҳаби шиъаянд, ташкил медиҳанд.

Ва аммо  Муҳаммад Наим, яке аз сухангӯёни Толибон дар мусоҳиба бо бахши дарии “Мавҷи Олмон” масъалаи Панҷшерро “мушкилоти бисёр оддию кам” номида,  гуфтааст, ки Толибон мехоҳад ин мушкилро бо роҳи “тафоҳум ва таомул” ҳал кунад, на бо ҷанг.

Амруллоҳи Солеҳ 48 сол дошта, мисли Аҳмадшоҳи Масъуд зодаи дараи Панҷшер аст. Ӯ 15 октябри соли 1972 ба дунё омадаааст. Дар даврони Карзай аз соли 2004 то 2010 Амруллоҳи Солеҳ роҳбарии Раёсати амнияти Афғонистонро бар уҳда дошт ва дар давраи Ашраф Ғанӣ то расиданаш ба мақоми ноиби президент дар соли 2019 вазири корҳои дохилӣ буд.

Дар интихоботи ахири президентии Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ ғайричашмдошт аз доктор Абдуллоҳ бурида, ба тими Ашраф Ғанӣ пайваст. Баъдан маълум шуд, ки ин муомила дар ивази  тақдими курсии ноиби  президент ба Амруллоҳи Солеҳ сурат гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button