Муҳоҷирон

ДАР ПЕТЕРБУРГ ЯК ЗАН ШАВҲАРИ ТОҶИКАШРО БА ТАҶОВУЗИ ДУХТАРИ ПАНҶСОЛААШ АЙБДОР КАРД

Як зани 29-солаи сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия шавҳараш– шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки ӯ гӯё соли 2013 ба номуси духтари ин зан аз издивоҷи қаблиаш, ки соли 2008 ба дунё омада, соли 2013 ҳамагӣ 5 сол дошт, расидааст.

Ҷолиб он аст, ки рӯзи 15 август ба қисми навбатдории пулиси Петербург худи ин марди тоҷик занг зада, хабар додааст, ки занаш ӯро ба дастдарозӣ ба номуси духтараш айбдор мекунад.

Пулис ба ҷои ҳодиса –  яке аз биноҳои истиқоматии воқеъ дар канори дарёи Фонтанка –  нозири минтақавиро фиристодааст. Тавре хабаргузории маҳаллии АБН хабар дод, баъди суҳбат бо нозири минтақавӣ зани даъвогар, ки дар як ширкат ба ҳайси курер кор мекардааст, ба зидди шавҳараш ариза навиштааст.

Шавҳари ӯро бозпурсӣ кардаанд ва феълан ҷавоб додаанд. Вале аризаи ҳамсари ӯро қабул карда, дар пайи санҷиш дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми амалҳои зӯроваронаи хусусияти шаҳвонӣ дошта нисбат ба кӯдаки яқинан зери синни 14 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Тибқи қисми сеюми моддаи 134 Кодекси ҷиноятии Русия барои чунин амал ҳамчун ҷазо аз 3 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Марди тоҷик шаҳрванди Тоҷикистон аст, вале дар Русия ҳаққи иқомат дошта, дар соҳаи сохтмон кор мекунад. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, исми ӯро метавон дар сомонаҳое, ки иҷрои корҳои сохтмониро пешниҳод мекунанд, пайдо кард. Ӯ бештар вақт барои тармими манзил хидмати бригадаашро пешниҳод мекунад.

Пулис гуфтааст, ки ӯ дар гузашта бо қонунҳои Русия ягон мушкилӣ надошт ва боре ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳатто маъмурӣ кашонда нашудааст.

Бисёре аз расонаҳои маҳаллӣ ба даъвои ҳамсари ин муҳоҷири тоҷик бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Гумон меравад, ки зан баъди ягон муноқишаи оилавӣ аз сари қаҳр бо мақсади ниқор гирифтан аз шавҳараш ваё бо мақсади ӯро дар назди худ нигоҳ доштан ба шавҳараш туҳмат зада ва чунин иттиҳоми даҳшатоварро ба зидди вай фикр карда, баровардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button