Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

СОКИНИ КАНГУРТ ҲАМСАРИ ҶАВОНАШРО ТО МУРДАН ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ

Рӯзи 12 август,  тахминан соати 16:30, як марди 38-солаи сокини ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки пеш барои дуздӣ суд шуда буд, дар ҳолати мастӣ дар ҷамоати Корези ноҳияи Данғара, дар назди манзили бародараш ҳамсари 27-солааш, зодаи шаҳраки Ёвонро шадидан латтукӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷавонзан бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани зани 27-сола дар заминаи латукуби шавҳараш

Рӯзи 12-уми августи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш зани 27-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон, дар назди манзили истиқоматии бародараш марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ҷангу ҷанҷол намуда, ҳамсарашро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 5-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 3-адад телефони мобилии тамғаҳои “Самсунг Ҷ-2, Хуавей ва Айфон”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 5-уми августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Шарифҷон», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи мазкур 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ашти ҳамин ноҳия тааллуқ дорад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2020, дар назди бинои истиқоматиаш марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки аз Ф.Россия автомашинаи тамғаи «Тойота Кемрӣ» оварда медиҳад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда аввалҳои моҳи феврали соли 2020, дар кӯчаи Ҳайёти-Нав бо ҳамин роҳ ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки аз Ф.Россия барояш автомашинаи тамғаи «Тойота Лендкрузер-200» оварда медиҳад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи апрели соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи гирифтани қитъаи замин, аз ӯ 260 ҳазор рубли русиро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷӣноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Маьлумотнома оиди доги суди ро хам ба монанди касалии равони доштан е надоштани домодро пеш аз никох бояд конуни ва пешниход карда шавад !

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button