Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ФАЙЗОБОД КӮДАКИ СЕСОЛААШРО ДУ КОРД ЗАДААСТ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод бо гумони қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ дастгир шудааст.

Бино ба иттилоияи расмӣ,  ин ҷавонзан рӯзи 18 июл, тахминан соати 18:30 писари хурдсоли 3-солаашро лату кӯб намуда, бо корди хоҷагӣ 2-маротиба ба қафаси сина аз тарафи чап ва оринҷи дасти росташ задааст.

Нисбат ба  ҷавонзан бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 112 (қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ ва 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи  фарзанди ноболиғ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ба ӯ бар асоси моддаи 112 ҳамчун ҷазо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 80 то 160 соат ё бо ҷарима ба андозаи то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то 2 сол таҳдид мекунад. Бар асоси моддаи 174 ин ҷавонзанро метавонанд ба андозаи аз200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима банданд ба муҳлати то 2 сол озодиашро маҳдуд кунанд ваё то 2 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Боздошт гардидани ҷавонзани 24-сола бо гумони расонидани зарари сабук ба саломатии писари хурдсолаш

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби коримандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод бо гумони қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 28-уми июли соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа писари хурдсоли 3-солаашро лату кӯб намуда, бо корди хоҷагӣ 2-маротиба ба қафаси сина аз тарафи чап ва оринҷи дасти росташ задааст. Мувофиқи хулосаи экспертизаи суди тиббӣ зарари ҷисмонии сабук ба саломатиаш бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 174 ва 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button