Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ҒАЗНӢ ҲАМ БА ДАСТИ ТОЛИБОН ГУЗАШТ. ВОЛИИ ҒАЗНӢ БА “ФУРӮХТАНИ ШАҲР” АЙБДОР МЕШАВАД

Ҷангиёни Толибон рӯзи 12 август шаҳри Ғазнӣ, маркази вилояти Ғазниро, ки дар 150-километрии ҷанубуғарби Кобул, пойтахти Афғонистон ҷойгир шудааст, бе ҷанг ба даст оварданд. Волии Ғазнӣ Довуд Лағмонӣ бо муовинонаш ба Кобул фирор кардааст, вале мақомоти амниятӣ онҳоро бо ҷурми ба Толибон супурдани Ғазнӣ ҳабс кардаанд.

Довуд Лағмонӣ дар аввали сол ибтидо волии Форёб таъйин шуд, вале мардум ба зиддаш эътироз карда, раёсати ӯро напазируфтанд. Азбаски Довуди Лағмонӣ вазифаро алакай “харида” буд, ӯро ба ночор ба ҳайси волӣ ба Ғазнӣ фиристоданд. Дар Кобул гумон мебаранд, ки Лағмонӣ бар асоси кадом муомилае шаҳри Ғазниро ба Толибон бе ҷанг “фурӯхтааст”.

Ғазнӣ дат шоҳроҳи асосии байни Кобулу Қандаҳор ҷойгир шуда, як шаҳри аз лиҳози стратегӣ хеле муҳим ба шумор меравад, чунки Толибонро бо пойгоҳҳои асосиаш дар ҷануби Афғонистон мепайвандад. Тасарруфи Ғазнӣ ҳамин тавр, нирӯҳои ҳукуматиро дар ҷануби кишвар метавонад аз дастрасӣ ба кумакҳо аз Кобул маҳрум кунад.

Дар 6 рӯзи охир Ғазнӣ инак даҳумин маркази вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон суқут мекунад.  Ҷангиёни Толибон то кунун шаҳрҳои марказии вилоятҳои Кундуз, Бадахшон, Ҷузҷон, Самангон, Тахор, Бағлон, Сари Пул, Фароҳ ва Нимрӯзро тасарруф карда, тавре ба назар мерасад, ҳалқаро дар атрофи Мазори Шариф, шаҳри аз ҳама бузурги шимоли Афғонистон торафт тангтар мекунанд.

Ҳамин тавр, ҷангиёни Толибон набардҳоро барои тасарруфи Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, Қалъаи нав, маркази вилояти Бодғис ва Қандаҳор, шаҳри аз ҳама бузурги ҷануби Афғонистон идома медиҳанд. Бино ба хабарҳо, Толибон рӯзи 12 август қароргоҳи марказии пулисро дар Лашкаргоҳ ба даст овардааст, вале як қисмати шаҳр ҳамчунон дар дасти нирӯҳои ҳукумати кунунӣ боқӣ мемонад.

Бисёриҳо тарс доранд, ки бо чунин суръати пешрафтҳои Толибон Кобул, пойтахти Афғонистон низ метавонад ба дасти онҳо суқут кунад.  Як мақоми низомии Амрико гуфт, ҷангиёни Толибон шояд то 30 рӯзи оянда Кобулро ба муҳосира гирифта, дар зарфи то 90 рӯз пойтахти Афғонистонро ишғол кунанд.

Дар ин харитаи сохтаи АлҶазира манотиқи таҳти назорати Толибон бо ранги зард ва манотиқи таҳти назорати ҳукумати кунунӣ бо ранги кабуд нишон дода шудаанд. Бо ранги норанҷӣ марказҳои вилоятҳо, ки ба дасти Толибон афтодаанд, дарҷ шудаанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button