Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ЯК СОЛ БАЪДИ БАРОДАРАШ: РАҲМОНЗОДА АҲМАДҶОН ФУТУР НИЗ АЗ КОРОНАВИРУС ДАРГУЗАШТ

Раҳмонзода Аҳмадҷон Футур, корманди баландпояи Додситонии кулли Тоҷикистон, собиқ додситони ноҳияҳои Қубодиён ва Дӯстӣ (Қумсангир) рӯзи 9 август дар манзилаш дар шаҳри Бохтар дар синни 51  аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни Аҳмадҷон Раҳмонзода субҳи 10 август дар зодгоҳаш, деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара баргузор мешавад.

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт,  Аҳмадҷон Раҳмонзода  тақрибан як моҳ боз дар хонааш дар шаҳри Бохтар таҳти назорати духтурон аз коронавирус табобат мегирифт, вале ба духтурон муяссар нашуд, ки ӯро аз марг  наҷот бидиҳанд.

Дар камтар аз як соли охир Аҳмадҷон Раҳмонзода инак дуюмини нафар аз хонаводаи дар Данғара ва Тоҷикистон пурнуфузи Футур Раҳмонов аст, ки қурбони коронавирус мешаванд.

1 сентябри соли 2020 генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур, сардори раёсати милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Тоҷикистон дар бемористони “1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Наздиконаш гуфта буданд,  ки генерал Раҳмонзода ва ҳамсараш гирифтории бемории коронавирус шуда буданд.  Ҳамсараш он вақт тавонист бар ин беморӣ пирӯз шавад, вале коронавирус риштаи умри генералро бурид.

Ҷумъахон Футуров

Чор фарзанди Футур Раҳмонов аз деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара  дар ҳукумати Тоҷикистон ба вазифаҳои баланд расида, се нафари онҳо рутбаи генералӣ ба даст оварданд.

Писари калонии Футур Раҳмонов Ҷумъахон Футуров мебошад.  Генерал-майор Ҷумъахон Футуров солҳои зиёд муовини “Зорро “(генерал Иззатулло Шарифзода), раҳбари Саридораи зиндонҳои вазорати адлия буд ва ҳоло ба нафақа баромадааст.

Генерал Алихон Раҳмонзода, ки соли гузашта аз коронавирус даргузашт, дар мақомҳои сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД ва муовини вазир кор карда,  чанд сол роҳбарии Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияро низ бар уҳда дошт ва сипас боз ба ВКД баргашта, сардории чанд раёсат, аз ҷумла раҳбарии Хадамоти “Муҳофиза”-ро бар ӯҳда дошт. 30 октябри соли 2019 Алихон Раҳмонзода раҳбари раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, ба истилоҳ “пулиси сайёҳӣ” таъйин шуд.

Алихон Раҳмонзода

Фарзанди дигари Футур Раҳмонов – генерал Лолахон Раҳмонзода дар тӯли қариб 10 сол роҳбари Агентии амволи махсусро дар даст дошт.

Писари сеюми ин хонавода Аҳмадҷон Раҳмонзода, ки соли 1968 ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд, як умр дар низоми прокуратура кор кард. Ӯ чандин сол прокурори ноҳияҳои Қубодиён ва Дӯстии вилояти Хатлон буд. Соли гузашта ӯ ба Прокуратураи генералӣ ба кор гузашт ва дар раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти милитсия ва агентии зидди маводи мухаддир кор мекард.

Дар 5 ҳафтаи охир Аҳмадҷон Раҳмонзода инака дастикам ҳафтумин намояндаи баландпояи мақомоти қудратию интизомии Тоҷикистон аст, ки  тарки ин дунё мекунанд. Аз 6 нафари қаблӣ дастикам 5 нафараш, аз ҷумла 3 генерал, низ қурбонии коронавирус шуданд.

Рӯзи 4 июл генерал-майор Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон дар синни 64 дар бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе вафот кард. Ӯ дар ин бемористон аз коронавирус табобат мегирифт.

Рӯзи 10 июл генерал-майор Пирӣ Ҳусайн, сардори собиқи УБЭП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Тоҷикистон дар бемористони “Якум Советский” аз коронавирус ҷон бохт.

Шаби 31 июл ба 1 август судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Шамсиддин Темурзода дар синни 58 вафот кард. Ӯ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшон, яке аз марказҳои асосии табобати беморони коронавирус ҷавоб шуда буд. Темурзодаро рӯзи 1 август дар шаҳраки Шарора дар наздикии шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.

Рӯзи 4 август подполковник Анис Усмонзода, сардори милитсияи ноҳияи Ҳамадонӣ дар синни  ҳамагӣ 45 дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз коронавирус ҷон бохт.

Субҳи 6 август генерал-майор Файзулло Абдуллоев, собиқ сардори милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ, собиқ сардори УБОП ва собиқ сардори раёсати Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Суғд дар синни 68 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе низ аз коронавирус вафот кард.

Рӯзи 8 август хабар омад, ки подполковники милитсия Толибзода Бахтиёр Ҳабибулло, собиқ сардори шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарки ин дунё кардааст. Иллати марги ӯ расман эълон нашудааст.

Толибзода Бахтиёр

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button