ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНӢ ВА ТИРПАРРОНӢ БО ИШТИРОКИ МУҲОҶИРOH ДАР МИТИШИ (ВИДЕО)

Рӯзи 5 август дар шаҳри Митишии вилояти Маскав бо иштироки ҳудуди 40 муҳоҷир занозанӣ ва тирпарронӣ рӯй додааст. Дар ин бора ба  агентии ТАСС  манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст. «Занозанӣ бо тирпарронӣ дар кӯчаи Пограничная рух додааст. Иштирокчиёнаш асосан аз кишварҳои Осиёи Миёнаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, осебдидаҳо низ ҳастанд», — гуфтааст манбаи ТАСС.

Маркази матбуоти пулиси вилояти Маскав гуфт: «Ба пулис дар бораи занозанӣ дар кӯчаи Пограничная дар шаҳри Митиши хабар расид. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ,  байни як гуруҳ занозанӣ рух додааст. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ) парванда кушодаанд.

Канали Московский активист дар Фейсбук видео аз маҳалли занозаниро нашр кард. Дар сабт садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад. Ба иттилои ин нашрия, дар Митиши зодагони Тоҷикистон ва Чеченистон занозанӣ кардаанд.

Шоми  5 август  дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав низ бо иштироки муҳоҷирон  як занозании гуруҳӣ рӯй дод. Видеои лаҳзаи занозанӣ дар гуруҳи «Типичное Одинцово» дар шабакаи «ВКонтакте» нашр шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳудуди 20 нафари бо чӯбу калтак мусаллаҳ аввал дар ҳудуди кӯчаи Северная занозанӣ карданд ва баъди чанде муноқишаи онҳо ба маҳалли хобгоҳҳои муваққати коргарони сохтмони маҷтами истиқоматии “Одинбург” кӯчид.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии РЕН ТВ, дар Одинтсово  зодагони кишварҳои Шӯравии собиқ бо зодагони минтақаҳои ҷануби Русия аз гиребони ҳам гирифтаанд. Хабаргузории ТАСС хабар дод, ки дар пайи ин занозанӣ дар Одинтсово 10 нафарро дастгир кардаанд.

Дар вақтҳои охир ин бори аввал нест, ки байни муҳоҷирон аз Шӯравии собиқ ва зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия занозаниҳо рӯй медиҳанд.

Аз ҷумла шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” ҳудуди 200 муҳоҷир, асосан зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон занозанӣ карданд. Пулис 103 нафари онҳоро дастгир кард.

Рӯзи 18 июл занозанӣ бо иштироки ҳудуди 20 нафар дар шаҳраки Апрелёвка дар вилояти Маскав рӯй дода, шоми 28 июл дар шаҳри Санкт Петербург зодагони Тоҷикистону Чеченистон аз гиребони якдигар гирифтанд. Пулиси Петербург 166 нафарро дастгир карда, 33 нафарро ба ҳабси маъмурӣ гирифт ва ба зидди ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушод. Ҳамчунин шоми 30 июл дар  пайи занозании гуруҳӣ дар дохили мағозаи “Ашан” дар фурӯшгоҳи “Тройка”  дар кӯчаи Верхняя Красноселская дар маркази Маскав пулис ҳудуди 50 муҳоҷирро дастгир кард.

ВКД Русия гуфт, чунин занозаниҳо дар чанд минтақа, аз ҷумла дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, ҷумҳурии Доғистон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург рӯй доданд.

Шумори афзояндаи муноқишаҳо ва занозаниҳо байни муҳоҷирон дар вақтҳои охир мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст.

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард.

Рӯзи 5 август муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар мулоқот  бо сафирони кишварҳои СНГ гуфт, ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имсол 5% афзудааст. Горовой гуфт, бахусус аъмоли ғайриқонуние, чун занозаниҳои гуруҳӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи зӯрӣ ба зидди мақомот ва мамониат ба фаъолияти нақлиёт ва иншооти иҷтимоӣ дар байни муҳоҷирон бештар ба мушоҳида мерасад.

 «Дар робита ба ин ҳодисаҳо ВКД вокуниши қатъӣ нишон дода, ҳамаи ташкилкунандагон ва иштирокчиёни бетартибиҳои оммавиро боздошт карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашонд. Муҳлати будубоши онҳое, ки дар ин ҳодисаҳо иштирок доштанд, кӯтоҳ карда шуда, марзи Русия ба рӯи онҳо баста шуд», –гуфт Горовой.

Бино ба иттилои ВКД Русия, феълан дар ин кишвар беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Александр Горовой моҳи апрели соли ҷорӣ аз кишварҳои СНГ хоста буд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button