ИқтисодМинтақа ва ҷаҳонФарҳанг

АЗ ОШИ ТӮППА ДАР ТАБАҚИ ЧӮБӢ ТО АВТОБУСҲОИ “АКИА”: НАМОИШИ ТАОМҲО ВА МОЛҲОИ ТОҶИКӢ БА ПРЕЗИДЕНТҲОИ МИНТАҚА (34 АКС)

Рӯзи 6 август дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон дар доираи Мулоқоти машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки роҳбари 5 кишвари минтақа намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва ҷашнвораи таомҳои миллии халқҳои сокини Осиёи Марказӣ доир шуд.

Дар ҷашнвораи таомҳо дар як юртаи алоҳида гӯшаи намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, хушкмева инчунин асал ва 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ба маърази тамошо гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон менависад, ки дар ҷашнвора президентҳоти минтақа ба гӯшаи таомҳои тоҷикӣ мароқи баланд зоҳир карданд.

“Маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар минтақа ва ҳам дар кишварҳои дуру наздики сайёра шуҳратёр буда, рӯз то рӯз талабот ба меваю сабзавоти тару тоза, хуштаъм ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бештар мегардад”, гуфта мешавад дар гузориши расмӣ.

Ҳамин тавр, дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ 12 коргоҳу корхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Сиёма”, “Зулол”, “Ҷавонӣ”, “КАТН”, “Тоҷиккристал”, “Талко”, ҶДММ “Ғаюр”, “Амирӣ”, “Рухом” ва “Қолинҳои Қайроққум” маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, қаннодӣ, обҳои рангаи ташнагишикан, фурӯзонакҳо, маҳсулоти рангуборкунӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд. Тоҷикистон чанд автобуси тамғаи “Акиа”ро ҳам, ки дар Душанбе ҷамъу баст мешаванд, ба ин намоишгоҳ бурда буд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ, харитаи сайёҳӣ ва армуғонҳои гуногунро бо бренди сайёҳии “Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо” муаррифӣ карданд.

17 АКС АЗ ҶАШНВОРАИ ТАОМҲОИ МИЛЛИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ:

17 АКС АЗ НАМОИШГОҲИ МОЛҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button